Нишасти матбуотии муштарак дар Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
10.04.2008

Нишасти матбуотии муштарак дар Бонки миллии Тоҷикистон

4 апрели соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии муштараки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар Тоҷикистон ҷаноби Люк Моерс бо хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид.  Дар оғоз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода иброз дошт, ки баъди эълони қарори Шӯрои иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба пешниҳоди нодурусти маълумот аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ва дигар васоити ахбори умум хабару мақолаҳои гуногун нашр гаштанд, ки мавзӯи болоро ҳар яке ба таври худ шарҳ доданд. Дар баъзе мавридҳо шарҳҳои бесалоҳиятона низ ба назар расиданд.  Бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мо нишасти матбуотиро доир кардем ва ба он намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон ҷаноби Люк Моерсро даъват намудем. Мо омодаем ба суолҳои Шумо нисбати фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, гузаронидани санҷиши Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби як ширкати мустақили байналхалқӣ, нақшаҳои минбаъдаи он ҷавоб гӯем.  Дар суханронии хеш ҷаноби Люк Моерс қайд кард, ки ба таври мухтасар андешаҳои худро баён менамояд, зеро дар мусоҳибаҳои ӯ ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода дар ҳафтаномаи “Азия-Плюс” ба мавзӯи боло ҷавобҳои дақиқ оварда шудаанд. Моҳи марти соли равон ман дар шаҳри Вашингтон будам ва дар ҷаласаи Шӯрои иҷроияи ХБА оид ба пешниҳоди нодурусти маълумот аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намудам. Бинобар сабаби он ки дар баъзе нашрияҳои даврӣ шарҳҳои нодурусти масъала ба чашм расиданд мо мусоҳибаи зикршударо ба хотири фаҳмонидани асли воқеа анҷом додем. Шарҳи баъзе масъалаҳо дар рӯзномаҳо хуб инъикос гардида буд.  Ҷаноби Люк Моерс иброз дошт, ки ХБА кори фаъолонаи худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад дод. Илова бар ин, ҳамкории ман бо ҷаноби Ш. Раҳимзода дар сатҳи хеле хуб қарор дорад. Ман бояд хотиррасон намоям, ки ӯ ба наздикӣ ба ин мансаб таъин гаштааст ва якбора ба ин мушкилот рӯ ба рӯ шуд. Новобаста ба ин, ӯ маҳорати касбии худро нишон дод. Қайд кардан зарур аст, ки муносибати ман ва ҳайати ХБА бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Тоҷикистон хуб боқӣ мемонад.  Номбурда изҳор кард, ки ба наздикӣ ҳайати ХБА ба Душанбе меояд ва он бо Ҳукумати Тоҷикистон оид ба Барномаи санҷиш аз ҷониби ширкати мустақили аудиторӣ музокира анҷом хоҳад дод.  Иштирокдорони нишасти матбуот ба суолу ҷавоб гузаштанд.  Лидия Исамова, хабарнигори оҷонсии РИА “Новости”: - Эълон гардида буд, ки Бонки миллии Тоҷикистон маблағи 47,7 млн. доллари ИМА-ро, ки ХБА талаб дорад, пардохт менамояд. Бигӯед, ки ин маблағ аз ҳисоби хазинаи махсус ё аз ҳисоби буҷет пардохта мешавад?  Ш. Раҳимзода: - Аввал ин ки маблағҳои гирифташуда ба буҷет ягон алоқа надоранд. Онҳо дар ҳаҷми 47,7 млн. доллари ИМА аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои ташаккул додани захираҳои худ гирифта шуда, дар таркиби захираи бонк мавҷуданд ва дар мӯҳлати муайяншуда баргардонида мешаванд. Иддаҳои баъзе рӯзноманигорон, ки гӯё ин ба буҷет, нафақа ва дигар пардохтҳо таъсири манфӣ мерасонад, аз бесалоҳиятии онҳо дарак медиҳад. Мо қарзро аз ҳисоби захираҳои худ бармегардонем. Тавре Шумо медонед, Бонки миллии Тоҷикистон мақоми мустақил ба шумор меравад ва дар сурати пешбурди сиёсати дурусти пулию қарзӣ захираҳои он афзун мегарданд. Имрӯз мо дар баргардонидани ин қарз мушкилоти зиёд надорем ва дар мӯҳлатҳои аз ҷониби Шӯрои мудирони ХБА муайяншуда, онро бармегардонем.  Л. Моерс: – Қарзҳои ХБА мустақиман барои дастгирии захираҳои Бонки миллии Тоҷикистон равона карда мешаванд ва табиист, ки ҳама гуна пардохти қарзи ХБА аз захираи Бонки миллӣ анҷом дода мешавад. Мо боварӣ дорем, ки Бонки миллӣ имконияти пардохти ин қарзро дорад.  Роман Кожевников, хабарнигори оҷонсии “Рейтер”: -Хоҳишмандам маблағи қарзе, ки бо гарави захираи БМТ барои соҳаи пахтакорӣ гирифта шудааст, номбар намоед ва дуруст аст, ки он аз бонкҳои Қазоқистон гирифта шудааст? Дар мусоҳибаи худ ба ҳафтаномаи “Азия-Плюс” Шумо иброз доштаед, ки ин қарзҳо ба хоҷагиҳои зиёновари пахтакорӣ дода шудаанд. Оё барои иҷрои ин кор зарурате пеш омад, зеро маълум буд, ки хоҷагиҳо зарароваранд ва бозгашти он қарзҳо ғайри имкон мебошад?  Ш. Раҳимзода: - Ман гуфта метавонам, ки ин ҳамон 240 млн. доллари ИМА пасандозе мебошад, ки чун гарав дар он бонкҳо гузоштаем. Барои ин бонкҳои хориҷӣ ба мо ҳар моҳ қариб 5 фоиз пардохт менамоянд. Дар бобати қарзи ба хоҷагиҳои зараровар додашуда бошад, бояд қайд намоям, ки он солҳо чунин таҷриба ҷой дошт ва мо ҳозир ба механизми нави қарздиҳӣ гузаштем, бонкҳо худашон ба пешниҳоди қарзҳо машғуланд. Акнун танҳо ба он хоҷагиҳое қарз дода мешавад, ки кафолати гирифтани ҳосили баландро дода метавонанд. То ба имрӯз шартномаҳо ба маблағи 360 млн. сомонӣ баста шудаанд, ки аз он 90 млн. сомонӣ аллакай ба хоҷагиҳо пешниҳод гардид. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи барномаи нав ба қарздиҳии соҳаи кишоварзӣ машғул намешавад.  Маъруфи Бобораҷаб, хабарнигори рӯзномаи “Минбари халқ”: - Дирӯз аз ҷониби Маҷлиси Олӣ дар бораи додани қарзи ипотекӣ қонун ба тасвиб расид. Низоми қарзи ипотекӣ кай ҷорӣ карда мешавад ва Бонки миллӣ барои амалӣ кардани он чӣ нақшаҳо дорад?  Ш. Раҳимзода: – Амалан чунин намуди қарздиҳӣ дар ҷумҳурӣ вуҷуд дошт, вале баъзе мушкилиҳои байни қарздиҳандаю қарзгиранда ҷойдошта барои вусъат ёфтани он халал мерасониданд. Акнун, ки қонун қабул шуд, ин муносибатҳо хеле осон гардиданд ва ҳаҷми қарздиҳӣ зиёд мешавад. Имрӯз назар ба аввали сол ҳаҷми қарзҳои додашуда ду маротиба афзуд.  Зулфиқори Исмоилиён, хабарнигори радиои “Озодӣ”: - Шумо бо рақамҳо ва андешаҳои овардаи намояндагони васоити ахбори умум розӣ шудед ва иброз доштед, ки онҳо ахбори хуб буданд. Боварӣ дорам, ки Шумо силсиламақолаҳои рӯзноманигори англис ҷаноби Ҷонро мутолиа кардаед. Ӯ менависад, ки Хазинаи Байналмилалии Асъор найрангҳоро дар атрофи масъалаи алюминий ифшо сохт. Шумо ба андешаҳои вай розӣ ҳастед?  Люк Моерс: - Оиди мақолаҳои ҷаноби Ҷон бояд гӯям, ки ман бо андешаҳои ӯ розӣ нестам. Дар бобати мақолаҳои дигар дар воситаҳои ахбори умум ман дар мусоҳибаи худ ба ҳафтаномаи “Азия-Плюс” изҳор карда будам, ки баъзе нофаҳмиҳо дар мавриди пешиҳоди маълумоти нодуруст ба миён омада буданд. Дар матбуот ҳам мақолаҳои хуб ва ҳам маводи ғайри он ба нашр расиданд. Ба андешаи мо, он ахборе, ки оиди пешниҳоди нодурусти маълумот пешкаши хонандагон гардонидем, басанда ва дақиқ мебошанд.  Ш. Раҳимзода: - Агар таҳлил намоед, маълум мешавад, ки ин мақола фармоишӣ ва сиёсӣ мебошад. Бале, мавод фармоишӣ аст, вале онро ба касе фармудаанд, ки салоҳияти иҷрои онро надорад ва дар бораи иқтисодиёти Тоҷикистону амалиёти анҷомдодаи ТАЛКО чизеро намедонад.  Зулфиқори Исмоилиён, хабарнигори радиои “Озодӣ”: - ХБА иддао дорад, ки Тоҷикистон 5 маротиба маълумоти нодуруст пешниҳод намуд ва қарз гирифт. Чаро чунин шуд?  Люк Моерс: – Оиди он ки Тоҷикистон шаш маротиба маълумоти нодуруст пешниҳод кард, ин дуруст аст, вале ҳамаи онҳо дар як ҳачм набуданд. Бояд гӯям, ки дафъаҳои пешин маълумотҳо хеле кӯчак ва муваққатӣ буданд. Аз ин рӯ, ХБА пардохти пеш аз мӯҳлати онҳоро талаб накард.  Шамсияи Қосим, хабарнигори радиои “BBC”: - Оё пешниҳоди носаҳеҳ дидаю дониста анҷом дода шудааст? Агар чунин набошад, пас касе ё гурӯҳе ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ё не?  Ш. Раҳимзода: – Бонки миллии Тоҷикистон ин қарзҳоро гирифта ба бонкҳои дигари тиҷоратӣ додааст ва онҳоро бармегардонад. Вале ин қарзҳо он қадар калон нестанд, ки ба таври ҷиддӣ ба обрӯи Тоҷикистон таъсири манфӣ расонанд. Тавре Шумо медонед, ин қарзҳо барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ равона шуда буданд. Шумо вазъияти соҳаи кишоварзиро хуб медонед. Соҳа ба дастгирии Ҳукумат ниёз дорад. Мутаассифона, мо ин гуна имкониятро надоштем ва ҳоло ҳам надорем. Ҷалби қарзҳои хориҷӣ ва ба хоҷагиҳо додани онҳо як роҳи дастгирӣ буд. Бояд қайд намоям, ки Бонки миллӣ дигар ба ин намуди фаъолият сару кор намегирад.  Абдуазими Абдуваҳҳоб, хабарнигори ҳафтаномаи “Нигоҳ”: - Тавре маълум аст, қариб 70 фоизи қарзҳои соҳаи пахтакорӣ аз як сохтор мебошанд. Ин ҳам бошад, Ташкилоти ғайрибонкии молиявии “Кредит-Инвест” аст. Шумо зимни мусоҳибаи хеш ба ҳафтаномаи “Азия-Плюс” иброз доштаед, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ташкили ин сохтор даст доштааст. Оё ташкили чунин сохторе, ки қариб 70 фоизи бозори пахтаро назорат мекунад, муқобили қонунгузории зиддимонополии Тоҷикистон нест?  Ш. Раҳимзода: - Ин муассисаи қарздиҳӣ соли 2004 ташкил дода шудааст. То ин замон тамоми қарзҳо бо воситаи бонкҳои тиҷоратӣ дода мешуданд. Соли 2004 бо пешниҳоди ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ додани тамоми қарзҳои соҳаи номбурда ба як ташкилот супорида шуд. Бонки миллии Тоҷикистон ба чунин ташкилотҳо танҳо иҷозатнома барои фаъолият медиҳад, вале ба муносибатҳои дохилии онҳо, даромаду харҷи маблағҳо кор надорад. Албатта, аз тариқи як ташкилот равона намудани чунин маблағи калон хавфи зиёд дорад. Мақсади гузаронидани санҷиши Бонки миллии Тоҷикистон низ аз муайян кардани харҷи ин маблағҳо ба шумор меравад.  Исмоил Қурбонов, хабарнигори оҷонсии “Авеста”: - Лутфан бигӯед, ки оё захираҳои Бонки миллии Тоҷикистон кам шудаанд?  Ш. Раҳимзода: – Захираҳои БМТ метавонанд кам ё зиёд шаванд. Мо ҳамарӯза бо бозор сару кор дорем ва доллар мехарему мефурӯшем. Агар маблағи харид аз маблағи фурӯш аз 47 млн. зиёд бошад, табиист, ки захираҳои мо меафзоянд. Агар ба қарор оем, ки курби сомонӣ бояд боло равад, мо долларро ба фурӯш мебарорем. Ин аз сиёсати умумии иқтисодӣ вобаста аст.  Люк Моерс: – Ман ҳамаҷониба ақидаи Ш. Раҳимзодаро дастгирӣ менамоям. Ба ақидаи мо, Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои заруриро дорад, то ки қарзро баргардонад ва андозаи захираҳои он метавонад зиёд шавад.  Лидия Исамова, хабарнигори оҷонсии РИА “Новости”: - Чаро вақтҳои охир қурби асъор дар нуқтаҳои мубодилаи асъор назар ба қурби ба тариқи расмӣ аз ҷониби БМТ муқарраргардида то андозае паст аст, ҳол он ки пештар баръакс буд?  Ш. Раҳимзода: - Қурби расмии пули миллӣ дар асоси қурбҳое, ки ҳангоми хариду фурӯши байни бонкҳо дар бозори байнибонкӣ истифода шудаанд, муайян карда мешавад. Дар бозори байнибонкӣ доллар аксаран ғайринақдӣ аз рӯи шартномаҳои қаблан басташуда харида ва фурӯхта мешавад. Агар, масалан, байни ҶСП “Тоҷпромбонк” ва КМ “Зарафшон” шартнома бошад, ки ҶСП “Тоҷпромбонк” аз КМ “Зарафшон” долларро бо қурби расмӣ мехарад, бонк маҷбур аст, шартро иҷро кунад. Мо бошем, қурби миёнаи хариду фурӯши бонкҳои тиҷоратиро ба инобат мегирем. Бинобар ин, барои мо поин бурдани қурби расмӣ душвор аст. Табиист, ки бонкҳо зарар хоҳанд дид ва шартномаҳои худро таҷдиди назар мекунанд. Ба қурби асъор дар кӯча мо таъсири амиқ надорем. Албатта, мо имкон дорем, ки маблағи муайянро, масалан, 500 ҳазор доллар бароварда фурӯшем ва бо ин восита қурби долларро поин барем, вале дар ин сурат мо бурд не, балки бохт мекунем. Аз ин рӯ, ба ин самт мо оҳиста-оҳиста равон шудем, то он лаҳзае, ки ҳисоби миёна дар бозори байнибонкӣ поин нарафт. Имрӯз қурби 1 доллари ИМА ба 3.4269 сомонӣ баробар аст.

Возврат к списку