Ба муомилот тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ бароварда шуданд

Бойгонии ахбор
07.08.2006

Ба муомилот тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ бароварда шуданд

Бо мақсади бузургдошти ҷашнҳои миллӣ ва таърихии кишварамон бо Қарори Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2006 тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнии зерин ба муомилот бароварда шуданд:  - ба муносибати 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тилло бо арзишҳои 200, 100, 50, инчунин аз нуқра ва филизҳои омехта бо арзиши 5-сомонӣ;  - ба муносибати 2700-солагии шаҳри Кӯлоб аз нуқра ва филизҳои омехта бо арзиши 3-сомонӣ;  - ба муносибати Соли тамаддуни Ориёӣ аз нуқра ва филизҳои омехта бо арзиши 1-сомонӣ.  Тангаҳои ҷашнии аз филизҳои омехта истеҳсолшудаи барориши соли 2006 дар радифи тангаҳои истеҳсоли солҳои 2001 ва 2006, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш мекунанд.

Возврат к списку