Нишасти матбуотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
06.02.2006

Нишасти матбуотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

6 феврали соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи фаъолияти бонк ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар соли 2005 барои намояндагони васоити ахбори дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар кори он Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Келдиёрова, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов, муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарони Идораю шӯъбаҳои БМТ ширкат варзиданд.  Дар оғози нишасти матбуот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов оиди раванди рушди устувори иқтисодиёт, афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, сатҳи пасти таваррум, баландшавии музди меҳнат, боз ҳам беҳтар кардани бахши иҷтимоӣ, татбиқи сиёсати андозу буҷет ва пулию қарзӣ, зиёд шудани пасандозҳои шаҳрвандон дар соли гузашта ба хабарнигорон маълумот дод. Ӯ қайд кард, ки дар ин давра Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 6,7 фоиз афзуд. Суръати афзоиш асосан аз маҳсулоти саноат таъмин гардид, ки он 8,3 фоизро ташкил дод.  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов иброз дошт, ки таваррум, ки бо назардошти барномаҳои молиявию иқтисодӣ барои соли 2005 7,5 фоиз пешбинӣ шуда буд, 7,1 фоизро ташкил намуд.  Дар соли 2005 қурби асъори миллӣ ба низоми «озодшинокунандаи танзимша-ванда» асос ёфта, вобаста ба вазъи бозори дохилӣ ва ҷаҳонии асъор тағйир меёфт. Қурби расмии мубодилавии сомонӣ нисбати доллари ИМА 5,3 фоиз ва қурби қарордодҳои хариду фурӯши асъори нақд 6 фоиз тағйир ёфт.  Тавре роҳбари БМТ изҳор намуд, низоми бонкии ҷумҳурӣ дар охири соли 2005 аз 12 бонки мустақим, аз ҷумла як бонк бо сармояи пурраи хориҷӣ, як шӯъбаи бонки хориҷӣ, 7 ҷамъияти қарздиҳӣ, 20 фонди қарздиҳии хурд ва як ташкилоти қарздиҳии хурд иборат буд. Қобили қайд аст, ки муҳимтарин нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ дар ин давра иҷро шудаанд. Алалхусус сармояи бонкҳо, ки инъикос-кунандаи солимии ташкилоти молиявӣ мебошад, дар давраи ҳисоботи 57 фоиз афзуда, нисбат ба ММД аз 3,2 то 4,0 фоиз зиёд шуд.  Соли 2005 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» тағйирот дохил карда шуд, ки мутобиқи он маҳдудият доир ба танҳо шаҳрванди Тоҷикистон будани роҳбари бонк ва ҳиссаи сармояи хориҷӣ дар низоми бонкӣ бекор карда шуданд.  Дар рафти нишасти матбуот қайд гардид ки дар фаъолияти бонкӣ амонатҳои ҷалбкардашуда нақши хеле муҳимро бозӣ мекунанд, зеро онҳо барои маблағ-гузориҳои қарзӣ манбаи асосӣ мебошанд. Дар соли гузашта ҳаҷми умумии амонатҳо 84,8 фоиз зиёд гардида, маблағи 539, 1 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин аз баланд шудани боварии мардум ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.  Сипас иштирокчиёни нишасти матбуот ба суолҳои сершумори намояндагони васоити ахбори умум посух доданд.  Вохӯрӣ бо намояндагони «Казкоммерсбонк»-и Қазоқистон  22 феврали соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти бонк таҳти сарварии раис М. Алимардонов бо намояндагони бонки «Казкоммерсбонк»-и Ҷумҳурии Қазоқистон бо роҳбарии мудири иҷроияи он оид ба масъалаҳои тиҷорати корпоративӣ ҷаноби Айдар Ахметов баргузор гардид.  Дар ҷараёни мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов ба меҳмонон оиди низоми бонкии ҷумҳурӣ маълумот дода, изҳор дошт, ки муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон рӯз то рӯз густариш меёбанд ва дар баробари ин ҳамкории калонтарин бонки Ҷумҳурии Қазоқистон ба бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон вусъат ёфта истодааст. Дар айни замон бонки номбурда барои шаш бонки тиҷоратии ҷумҳурии мо ҳамкории зич дорад ва барои инкишофи маблағгузории тиҷоратӣ маблағ ҷудо кардааст ва он амалӣ гашта истодааст.  М. Алимардонов таъкид намуд, ки чун иқтисодиёти Тоҷикистон рӯ ба тараққӣ ниҳодааст, имрӯз ба маблағгузории хориҷӣ ниёз дорад. Қонунгузории Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ дар ҷодаи маблағгузорӣ намудани соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт тамоми шароитҳоро муҳайё сохтааст. Имкониятҳои зиёди ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди саноати кӯҳӣ ва ғайра мавҷуд ҳастанд.  Сипас, мудири иҷроияи бонки «Казкоммерсбонк» Айдар Ахметов изҳор намуд, ки бонки онҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз бонкҳои калонтарин ба шумор меравад ва бо бонкҳои зиёди ҷумҳуриҳои ИДМ ва хориҷаи дур муносибатҳои хуб ва ҳамкориҳои судманд дорад. - Сафари мо ба Тоҷикистон, - қайд намуд ӯ, - ба он хотир аст, ки мехоҳем аз наздик бо фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон, фазои инвеститсионӣ шинос шуда, барои рушди ҳамкориҳои минбаъда лоиҳаҳои нав ба навро пайдо намоем. Беш аз ду сол аст, ки бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар соҳаи амалиётҳои байнибонкӣ ҳамкорӣ дорем.  Ҳайати меҳмонон дар рафти сӯҳбат ба чунин соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз қабили истеҳсол ва коркарди пахта, алюминий, тилло, муҳит ва шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мароқ зоҳир карданд.  Дар ш. Минск ҷаласаи 14 Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё баргузор гардид  Имрӯз, 27 феврали соли 2006 дар ш. Минск (Ҷумҳурии Беларус) ҷаласаи 14 Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё баргузор гардид. Дар кори он Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов иштирок ва дар назди иштирокдорони ҷаласаи Шӯро бо маърӯзаи «Оиди сиёсати монетарии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё (дар қисми масъалаҳое, ки ба ваколатҳои бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и мамлакатҳои Иттиҳод дахл доранд): таҳия ва татбиқи он суханронӣ менамояд.  Ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои оғозёфта масъалҳои зерин дохил карда шудаанд: Оиди ҳамроҳ шудани Бонки марказии Ҷумҳурии ӯзбекистон ба «Созишнома дар бораи Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё» аз 15 феврали соли 2001, оиди ҷараёни иҷрои қарорҳои ҷаласаи 13 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё, дар бораи истифодаи асъори миллӣ дар ҳисобаробаркуниҳо байни давлатҳои аъзои Шӯро, оиди истеҳсоли пул, инкишофи бозори нумизматика, барориши тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ, мубориза алайҳи истеҳсоли тангаҳои қалбакӣ, дар бораи дастрасии субъектҳои хоҷагидории давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё ба бозорҳои миллии коғазҳои қиматнок (дар қисми масъалаҳое, ки ба ваколатҳои бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и мамлакатҳои Иттиҳод дахл доранд), оиди аз ҷониби бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и Иттиҳод тибқи стандартҳои байналхалқӣ гузаронидани чораҳо нисбати гармонизатсияи низоми кафолати (суғурта)-и амонатҳои ашхоси воқеӣ дар ташкилотҳои қарзию молиявӣ.  Иштирокдорони ҷаласаи Шӯро, ҳамчунин масъалаҳои ташкили саҳифаи (сайт)-и махсуси Бонки байнидавлатӣ, пешниҳоди Котиботи Кумитаи Интегратсионии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё оиди Лоиҳаи Пайнавишт дар мавриди истифодаи микропротсессорҳои қартаҳои пластикӣ барои тасдиқи иҷрои чораҳо оиди таъмини пардохти маблағҳои гумрукӣ хангоми интиқоли молҳо аз сарҳадҳои давлатҳои аъзои Иттиҳод, таърих, макон ва рӯзномаи пешакии ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.  Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯро роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и Федератсияи Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Котиботи Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-идавлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё бо маърӯзаю пешниҳодҳо баромад хоҳанд кард.

Возврат к списку