Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуданд

Бойгонии ахбор
28.03.2011

Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуданд

Қурби миёнаи доллари нақди ИМА 25 март ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ 4,4800-4,4950 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, 10 рубли русӣ ба 1,5650-1,5780 сомонӣ ва  1 евро ба 6,2550-6,2750 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 28 март қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, чун чанд рӯзи қаблӣ дар ҳудуди  4,4920-4,5090 сомонӣ қарор гирифт.    Хадамоти матбуоти   БМТ

Возврат к списку