Қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе андаке поин рафт

Бойгонии ахбор
14.04.2011

Қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе андаке поин рафт

Қурби миёнаи доллари нақди ИМА 12-13 апрел дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ 4,4990-4,5160 сомониро ташкил дод. Дар ин миён қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, 10 рубли русӣ ба 1,6020-1,6180 сомонӣ ва 1 евро ба 6,4550-6,4750 сомонӣ  баробар шуданд. Вале имрӯз, 14 апрел дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе қурби миёнаи долл. ИМА андаке поин шуда, дар ҳудуди  4,5040-4,5230 сомонӣ қарор гирифт.    Хадамоти матбуоти   БМТ

Возврат к списку