Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро каме афзуд

Бойгонии ахбор
25.07.2011

Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро каме афзуд

Қурби долл. ИМА 22 июл ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ, ба ҳисоби миёна 4,7704-4,7884 сомониро ташкил дод.     Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ бошад, бетағйир боқӣ монда, 0,1695-0,1710 сомонӣ ба 1 рубли русӣ баробар шуд.     Вале дар ин миён, қурби миёна аз рӯи амалиёт бо  евро каме афзуда, 6,8000-6,8200 сомонӣ ба 1 евро баробар шуд.     Имрӯз, 25 июл қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар ҳудуди 4,7846-4,8040 сомонӣ қарор дорад.                 Хадамоти матбуоти БМТ

Возврат к списку