31.07.2024
Озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор” ҷамъбаст гардид
30 май дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти бонк, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон
31.07.2024
Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии соҳибкорон дар бахши молия ва бонкдорӣ дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест–2024”
Рӯзҳои 25-26 июли соли 2024 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест–2024” баргузор гардид.
10.06.2024
Иштирокдорони семинари CCAMTAC ва JVI сертификат гирифтанд
Аз санаи 3 то 7 июни соли 2024 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (CCAMTAC) ва Донишкадаи Муттаҳидаи Вена (JVI) семинари омӯзишӣ оид ба таҳлили макроиқтисодӣ/барномасозии молиявӣ ва сиёсат барои мутахассисони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
20.11.2023
Ҷаласаи ҷамъбасти лоиҳаи Осиёи Марказӣ вобаста ба фарогирии молиявӣ баргузор гардид
20 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбасти лоиҳаи Осиёи Марказӣ вобаста ба фарогирии молиявӣ баргузор гардид.
Дар доираи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, лоиҳаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 таҳия гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ карда шуд.