Аз 23 то 27 ноябри соли 2020 дар Маркази омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Гулистон, бо ташаббуси Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон курси омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид.
Бо мақсади мусоидат ба иштирокчиёни низоми бонкии кишвар дар таҳлил ва омӯзиши омилҳои маҳдудият ва раванди фаъолгардонии суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои хориҷӣ Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи кӯмаки техникии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (минбаъд - САҲА) ҳамкориро бо коршиноси байналмилалии соҳавӣ Джусеппе Ломбардо ба роҳ мондааст.
14 октябри соли 2020 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунгардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон(минбаъд БХМ ҚД/МТ) доир гардид.
Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.
Ба маълумоти ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, расонида мешавад, ки “Феҳристи аломатҳои аҳд ва амалиёти шубҳанок” дар таҳрири нав қабул гардид.
4 августи соли 2020 бо иштироки намояндагони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (ДММ БМТ), Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар, вебинар (бо истифода аз барномаи “Webex”) дар мавзӯи “Татбиқи усулҳои мушаххаскунии фосилавӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои дорои хавфи пастдошта” баргузор гардид. Дар вебинар тақрибан 70 намояндагони сохторҳои дахлдори ташкилоти қарзии молиявӣ (комплаенс, менеҷери хавфҳо ва технологияи иттилоотӣ) иштирок варзиданд.
Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.
Ба рӯйхати миллии шахсони воқеӣ, ки бо терроризм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид карда шуд.
Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.