- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи август0,6%
- 4,2%
- Пулҳои захиравӣ (август) млрд. сомонӣ34,5
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (август)8,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-август)12,86 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-август)23,22 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-август)15,84 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)20,71%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)23,04%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 04.10.2023 1 USD 10.9621 1 EUR 11.4795 1 RUB 0.1105
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
-
Д С Ч П Ҷ Ш Я 25 26 27 28 29 30 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 1 2 3 4 5
Ахбор
11 феврали соли равон вазъият дар бозори асъор бе тағйир боқӣ монд. Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бахши нақдӣ дар сатҳи 3,73 - 3,77 сомонӣ пасту баланд мешуд.
10 феврал тамоми рӯз қурби хариду фурӯши доллари ИМА, ки аз ҷониби нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе пешниҳод мешуд, амалан тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар сатҳи 3,74-3,77 сомонӣ боқӣ монд.
9 феврали соли 2009 муомилот дар бозори байнибонкии асъор дар сатҳи ҳаҷмҳои миёнаи омории хариду фурӯши асъори хориҷӣ анҷом дода шуданд.
Субҳи 10 феврали соли равон дар маҷмӯъ дар шаҳри Душанбе қурби миёнаи мубодилавӣ дар сатҳи дирӯза нигоҳ дошта шуда, 3,75-3,77 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил намуд.
Рӯзи душанбе, 9 феврал нуқтаҳои мубодилаи асъор ба муштариён қурби хариду фурӯши асъорро ба ҳисоби миёнаи 3,74-3,78 сомонӣ барои 1 доллари ИМА пешниҳод намуданд.
Мувофиқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2009 бо мақсади самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, ки ба рушди иқтисодиёт мусоидат менамояд ва барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон аз 13,5 фоизи солона то 12, 0 фоизи солона паст карда шуд.
Масъалаҳои мубрами низоми бонкдорӣ, рушди иқтисоди кишвар ва мавзуъоти дигар соҳа дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 27 январи соли 2009 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид ва он ба натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2008 бахшида шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар он аъзои раёсати БМТ, роҳбарият ва сардорони Идораю шӯъбаҳои бонк ширкат вариданд.
Рӯзи душанбе доллар болоравии пирӯзонаи худро идома дода, нисбати қариб ҳамаи асъори асосии сайёра тақвият ёфт. Дар Русия он ҳатто кӯшиши аз нуқтаи 28 рубл гузаштанро кард, вале аз ҷониби Бонки марказӣ ба монеа мувоҷеҳ гашт ва дар қарибии 6 копейка аз мақсад қарор гирифт. Чаро доллар боло меравад, дар сурате, ки иқтисодиёти Амрикоро бӯҳрон фурӯ бурда истодааст? Муҳимтар аз ҳама, то кай ин идома хоҳад ёфт? Таҳлилгарони молиявӣ айни замон “толеъномаҳо”-и худро нисбати доллар барои соли оянда омода карда истодаанд, ки пешгӯиҳои онҳо тасаллибахш нестанд. Бисёриҳо бар он назаранд, ки қисмати аввали сол барои асъори амрикоӣ мусоидат мекунад, вале оғоз аз қисмати дуввуми он асъори номбурдаро масоили ҷиддӣ интизор аст. Зеро Амрико ба хотири раҳоӣ аз бӯҳрон дастгоҳи чопи пулро бо тамоми қудраташ ба кор даровардааст...
23 октябри соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар нӯҳ моҳи соли 2008 ҷамъбаст гардиданд. Дар оғози сӯҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода дар назди рӯзноманигорон суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ афзоиши воқеии истеҳсолот, рушди мӯътадили иқтисодиёт ва беҳтаршавии вазъи макроиқтисодӣ идома ёфт.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 11,9 фоизро ташкил намуд. Дар сохтори таваррум саҳми асосӣ ба болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ - 13,9 фоиз ва хизматрасонӣ - 19,5 фоиз рост омад, афзоиши нархи маҳсулоти ғайриозуқа бошад, ба 3,8 фоиз баробар шуд.
Низоми молиявии ИМА ва як қатор кишварҳои Аврупо ҳоло бӯҳрони амиқи норасоии воситаҳои зудфурӯши нақдшавандаро аз сар гузаронида истодааст. Барои ҳалли ин масъала кишварҳои номбаршуда дар марҳилаи аввал ширкатҳои нисбатан калони худро таҷдиди сохтор (реструктуризатсия) намуда, дигар ширкатҳои дучори ин мушкилот гардидаро ғайри қобили пардохт эълон кардаанд.
10 сентябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон дидору мулоқоти гурӯҳи кории намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ - Бред Колман ва Эрик Хейдорн, бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсад аз мулоқоти гурӯҳи кории Бонки Ҷаҳонӣ, ки он дар доираи барномаи “Баҳодиҳии соҳаи молиявӣ (FSAP)” сурат мегирад, расонидани ёрии техникӣ ва такмили қонунгузории бонкӣ буда, масъалаи мазкур дар ҷаласаи намояндагони гурӯҳи корӣ бо ходимони Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
11 сентябри соли 2008 ширкати Ernest & Young LLP (шаҳри Лондон, Британияи Кабир) аудити махсуси Бонки миллии Тоҷикистонро оғоз намуд.
10 августи соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон озмуни интихоби ширкати аудиторӣ, ки аудити махсуси Бонки миллии Тоҷикистонро анҷом медиҳад, ҷамъбаст гардид.
23 июли соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар нимаи аввали соли 2008 ҷамъбаст гардиданд. Дар оғози сӯҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода дар назди рӯзноманигорон суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар давраи январ-июни соли равон афзоиши воқеии истеҳсолот, рушди мӯътадили иқтисодиёт ва беҳтаршавии вазъи макроиқтисодӣ идома ёфт.
24 апрели соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2008 ҷамъбаст гардиданд.
4 апрели соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии муштараки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар Тоҷикистон ҷаноби Люк Моерс бо хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Бонки миллӣ, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеӣ - соҳибони нуқтаҳои мубодилаи асъор, бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Дастурамал “Дар бораи нуқтаҳои мубодилаи асъор ва хизматрасонии интиқолҳои пулӣ” машварати корӣ доир гардид.
5 марти соли 2008 ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) баргузор гардид, ки дар он масъалаи пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ (хато) баррасӣ шуд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 феврали соли 2008 Ҳақназаров Турақул Имомович муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин карда шуд.
Бо мақсади фароҳам овардан ва тараққӣ додани бозори хизматрасонии маблағгузории хурд дар ҷумҳурӣ ва рушди соҳибкорӣ Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор намуд:
4 феврали соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ М. Давлатов, вазири рушди иқтисод ва савдо Ғ. Бобозода, вазири молия С. Наҷмуддинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ф. Ҳамралиев бо намояндагони созмонҳои молиявии байналхалқӣ, аз ҷумла ҳайати махсуси Бонки ҷаҳонӣ барпо гардид.
Мутобиқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 1 феврали соли ҷорӣ комиссияи қабули ҳисоботи солонаи бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои амонатии крдетии хурд ва аудиторони бонкӣ ҳисоботи солонаи бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои амонатии кредитии хурд ва аудиторони бонкиро аз рӯи ҷамъбасти соли 2007 мавариди қабул ва баррасӣ қарор дод.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон бо сабаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданаш аз вазифаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Маракушина Татяна Алфеевна, Эшов Ҷумъа Қаюмович, Шарифҷонов Аҳмадҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифаи муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шуданд.
27 декабри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони вазорату кумитаҳои кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, адлия , молия, рушди иқтисод ва савдо, мелиоратсия ва захираҳои об, агентии заминсозӣ, харитасозӣ ва геодезӣ, намояндагони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ машварати корӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои иҷрои супоришҳои Сардори давлат оиди бо захираҳои молиявӣ таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ, ки дар мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо соҳибкорони ватанӣ баён гардида буданд, мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор гирифтанд.
29 ноябри соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазоратҳои молия, кишоварзӣ, маҷлиси машваратӣ доир гашт, ки дар он масъалаҳои додани қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷониби бонкҳо ва омодагӣ ба мулоқоти дар пешистодаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ахбор 4915 - 4940 аз 5009
Аввал | Пешӣ | 188 189 190 191 192 | Баъдӣ | Охир
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ