04.06.2021
ОЗМУН - Идораи бозори молиявӣ
Сармутахассиси шуъбаи кор бо қарзҳо (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани дониши хуби қонунгузории бонкӣ, гражданӣ ва мурофиавӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер - MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Visio ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмист, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
- донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) афзалият дорад
;
27.05.2021
ОЗМУН - Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд
Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи таҳия ва татбиқи сиёсати пулӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
- сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
-
таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ, афзалият дода мешавад;
-
доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
21.05.2021
ОЗМУН - Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ
Директори Пажӯҳишгоҳ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
- доштани унвони илмӣ – номзад, доктори илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD)- ҳатмӣ;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар сатҳи роҳбарикунанда дар муассисаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ.
- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ - ҳатмӣ;
21.05.2021
ОЗМУН - Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарият
Тарҷумони забони англисӣ- тоҷикӣ-русӣ (тарҷумаи ҳамзамон)
I
Мутахассиси дараҷаи II (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии забоншиносӣ ва собиқаи кории тарҷумонии ҳамзамон (синхронӣ) на камтар аз 1 сол;
- дар сатҳи олӣ донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ;
14.05.2021
ОЗМУН - Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб
Шуъбаи назорати бонкӣ
Ҳуқуқшинос (шартномавӣ) (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии ҳуқуқӣ;
- доштани собиқаи кори ҳуқуқӣ на камтар аз 2 сол;
- дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ ва дигар;
Новости
26 - 30 аз 43
Аввал
|
Пешӣ
|
4
5
6
7
8
|
Баъдӣ |
Охир