Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,4%
  • 5,2%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    36,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 ноябри с.2022)13,0
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,0%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2022
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    10,62 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,44 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,86 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    20,01 %
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    17,93 %




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 08.12.2022

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3012.84 3073.71
10 5938.55 6058.52
20 11730.75 11967.73
50 29088.23 29675.87
100 58011.40 59183.34

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 31 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 1
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

18.10.2007 Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо Қарори худ аз 16 октябри соли равон ба ҶММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “ФИНКА” барои иҷрои амалиёти бонкӣ бо асъори хориҷӣ иҷозат дод.

08.10.2007 ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” шумораи филиалҳояшро зиёд намуд

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости раиси Шӯрои директорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” Т. Пировро қонеъ гардонида, барои кушодани филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва таъини кормандони роҳбарикунандаи он розигӣ дод.

25.09.2007 Мулоқоти муҳим дар Бонки миллии Тоҷикистон

24 сентябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи иқтисодии ҷумҳурӣ дар ҳайати Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисоди Давлатов М., Вазири молия Наҷмиддинов С., Вазири рушди иқтисод ва савдо Бобозода Г., Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи моликияти давлатӣ Раҳимзода Ш. ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Алимардон М. бо Директори бюрои Аврупо, Шарқи наздик, Амрико, Осиёи марказӣ ва шарқии Вазорати рушди байналхалқии Британия Кабир хонум Сю Вордел ва сардори шӯъбаи Аврупо ва Осиёи марказии вазорати номбурда хонум Полин Хейс баргузор гардид.

14.09.2007 Дар Бонки миллии Тоҷикистон форуми Тоҷикистону Қазоқистон “Дурнамои ҳамкориҳои инвеститсионӣ” баргузор гардид

13 сентябри соли 2007 дар чаҳорчӯбаи ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Назарбоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Бонки миллии Тоҷикистон форуми Тоҷикистону Қазоқистон “Дурнамои ҳамкориҳои инвеститсионӣ” баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Назарбоев ширкат варзиданд.

05.09.2007 Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба муомилот баровард

Ба ифтихори 800-солагии шоир ва мутафаккири бузург Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ (соли 2007) Бонки миллии Тоҷикистон ду намуд тангаи хотиравиро аз филизоти қиматбаҳо (нуқра) ва филизоти ранга (хӯлаи мису-никел ва синк) ба муомилот баровард.

31.08.2007 Дар БМТ оиди масъалаҳои бахши пахтакорӣ семинар баргузор гардид

31 августи соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар мавзӯи сохтор ва ташкилотҳои бахши пахтакорӣ бо ташаббуси Бонки осиёии рушд (БОР) ва дар ҳамкори бо БМТ семинар доир карда шуд.

31.08.2007 Ҳайати ХБА кори худро оғоз намуд

Ҳайати Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии сарвари ҳайат оид ба Тоҷикистон ҷаноби Карлос Пинеруа 30 августи соли ҷорӣ ба Душанбе ташриф овард.

28.08.2007 Мулоқот бо ҳайати муштараки БҶ ва ХБА

29 августи соли равон Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти БМТ ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо ҳайати муштараки Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Ҳурмуз Агдей, ки бо мақсади арзёбии бахши молиявии мамлакат дар Душанбе қарор доранд, баргузор гардид.

22.08.2007 Вохӯрии мақомоти роҳбарии БМТ ва ЭСКИМ бонки Хитой

21 августи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) вохӯрии Раиси БМТ Муродалӣ Алимардон бо Раис ва президенти ЭСКИМ бонки Хитой ҷаноби Ли Жео Гу, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, баргузор гашт. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон меҳмонро бо сохту тартиби низоми бонкии ҷумҳурӣ, самтҳои афзалиятноки рушди он ва вазъу шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ошно кард.

25.06.2007 Қарорҳои Раёсати БМТ кафолати пешрафти кор

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо яке аз Қарорҳои худ таҳти №184 аз 19 июни соли ҷорӣ бинобар надоштани ӯҳдадориҳои қарзӣ Қарори Шӯрои БМС “Осиёи марказӣ”-ро оиди анҷоми худбарҳамдиҳии бонки номбурда эътироф кард.

07.06.2007 7 июн дар ш. Душанбе 17-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори Авросиё баргузор гардид

Тавре хабар дода будем, 7 июни соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон 17-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и иттиҳоди иқтисодии Авросиё баргузор гардид. Дар кори он ҳайатҳои зерин: Бонки марказии Белорус таҳти сарварии муовини аввали раиси раёсат Алимов Ю.М., Бонки миллии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини раис Тоҷияков Б.Ш., Бонки миллии Қирғизистон таҳти сарварии муовини раиси раёсат Абдибали тегин Суеркул, Бонки марказии Русия таҳти роҳбарии муовини раис Можайсков О.В., Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раис Эшов Ҷ.К., Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини раис Эшматов М. Ё., Бонки байнидавлатӣ дар симои Туркадзе А. В., ҳамчунин намояндагони Оҷонсии Ҷумҳурии Казоқистон оиди танзим ва назорати бозори молия ва муносибатҳои молиявӣ ва Бонки Авросиё ширкат варзиданд.

06.06.2007 7 июн дар ш. Душанбе 17-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори иттиҳоди иқтисодии Авросиё баргузор мегардад

7 июни соли 2007 дар шаҳри Душанбе 17-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори иттиҳоди иқтисодии Авросиё баргузор мегардад. Дар кори он роҳбарони Бонкҳои марказии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Бонкҳои миллии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Оҷонсии Ҷумҳурии Қазоқистон оиди танзим ва назорати бозори молия ва ташкилотҳои молиявӣ, Бонки байнидавлатӣ, Бонки инкишофи иттиҳоди иқтисодии Авросиё ва Кумитаи интегратсионии иттиҳоди иқтисодии Авросиё ширкат меварзанд.

04.06.2007 Меморандум оиди ҳамкорӣ ба имзо расид

4 июни соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқоти роҳбарияти бонк таҳти сарварии Раиси БМТ М. Алимардонов бо ҳайати Бонки давлатии инкишофи Чин бо роҳбарии Раиси Мудирияти омӯзиш ва тарбияи бонки номбурда хонум Ванг Юан баргузор гардид.

28.05.2007 Дар Бонки миллии Тоҷикистон конфаронси сармоягузорон оиди коркарди конҳои ангишт баргузор гардид

29 майи соли равон Дар Бонки миллии Тоҷикистон конфаронси сармоягузорон оиди коркарди конҳои ангишт, таҷдид ва сохтмони стансияҳои барқии гармидиҳанда бо истифодаи сӯзишвории ангишт, ки аз ҷониби Вазоати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, баргузор гардид.

11.05.2007 Ҳайати навбатии ХБА ба Тоҷикистон омад

10 майи соли равон ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари ҳайат оид ба Тоҷикистон ҷаноби Карлос Пинеруа ба мамлакати мо омад. Мақсади асосии ҳайат аз шинос намудани роҳбарияти сиёсии мамлакат бо натиҷаҳои муҳокимаи моддаи IV аз ҷониби Шӯрои иҷроияи ХБА, ки 28 марти соли ҷорӣ дар Вашингтон баргузор гардида буд, иборат мебошад.

26.04.2007 Натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2007 баррасӣ шуданд

25 апрели соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ оид ба натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони бонк ва воҳидҳои сохтории он ширкат варзиданд.

06.04.2007 Мулоқот бо хабарнигори “Асахи Шимбун”

6 апрели соли равон вохӯрии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси БМТ М. Алимардонов бо шореҳи рӯзномаи бонуфӯзи Ҷопон “Асахи Шимбун” ҷаноби Тедди Текейши баргузор гардид.

29.03.2007 Дар БМТ ҳамкориҳои техникии Бонкҳои миллии Тоҷикистон ва Швейтсария муҳокима шуданд

29 марти соли ҷорӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов намояндагони Бонки миллии Швейтсарияро таҳти сарварии Раиси тадқиқоти байналхалқӣ ва ҳамкориҳои техкикии бонки номбурда ҷаноби Вернер Херман, ки бо сафари корӣ дар ҷумҳурии мо ҳузур доранд, ба ҳузур пазируфт.

28.03.2007 Дар БМТ Созишномаи кредитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Қувайт ба имзо расид

28 марти соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишномаи кредитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Қувайтии рушди иқтисодии Араб оиди қисмати дуюми лоиҳаи обёрии водии Данғара баргузор гардид. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санади мазкур вазири молияи мамлакат С. Наҷмуддинов ва аз ҷониби Қувайт муовини Раиси кулли хазинаи номбурда ҷаноби Ҳамад С. Ал-Омар имзо гузоштанд.

28.03.2007 Мизи мудавввар дар БМТ

28 марти соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон корхонаи воҳиди давлатии “Клуби соҳибкорони ҷавон”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Бонкҳо ва хизматрасонии онҳо ба соҳибкорон” мизи мудаввар гузарониданд.

27.03.2007 Маросими имзои Созишномаи кредитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Қувайт 28 март баргузор мегардад

27 марти соли равон ҳайати Хазинаи Қувайтии рушди иқтисодии Араб таҳти сарварии муовини Раиси кулли хазина ҷаноби Ҳамад С. Ал-Омар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.

27.03.2007 Курс барои мутахассисони бонкҳои ҷумҳурӣ

Аз 27 то 31 марти соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони бонкҳои мамлакат курси махсус “Ҷанбаҳои андозии фаъолияти бонкӣ бо назардошти тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад.

05.03.2007 Вохӯрӣ бо ҳайати Бонки рушди Авроосиё

2 марти соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии Раиси БМТ М. Алимардонов бо ҳайати Бонки рушди Авроосиё таҳти сарварии Раиси раёсати ин бонк И. Феногенов баргузор гардид.

05.03.2007 Мулоқоти роҳбарони БМТ ва «China Exim Bank»

5 марти соли равон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов ҳайати «China Exim Bank»-ро таҳти сарварии ноиби президенти бонк ҷаноби Ли Тсюн ба ҳузур пазируфт.

27.02.2007 Мутахассисони БМТ маҳорати худро баланд мекунанд

26 феврали соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва шӯъбаҳои бонк семинари байналхалқӣ таҳти унвони “Ҳисоббаробариҳои байналхалқӣ ва молия” баргузор гардид.

23.02.2007 Вохӯрӣ бо ҳайатҳои ХБА ва БҶ

Ҳайатҳои Хазинаи байналхалқии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки бо ташрифи корӣ дар Душанбе мебошанд, 22 феврал дар ҷараёни вохӯрӣ бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Барномаи арзёбии бахши молиявии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.


Ахбор 4733 - 4758 аз 4799
Аввал | Пешӣ | 181 182 183 184 185 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ