Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

30.03.2021 Дар бораи ҶСП ТС «Паймон Иншуренс»

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2021, таҳти №47 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” қарор қабул карда, ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти суғуртавии «Паймон Иншуренс» барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод.

26.03.2021 Табдили номи воҳидҳои сохтории ташкилотҳои маблағгузории хурд аз «маркази хизматрасонии бонкӣ» ба «маркази хизматрасонии маблағгузории хурд»

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд номи «маркази хизматрасонии бонкӣ» танҳо ба бонкҳо маҳсуб ёфта, марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои маблағгузории хурд «маркази хизматрасонии маблағгузории хурд» ном бурда мешаванд.


19.03.2021 Хушо, айёми Наврӯзи Аҷам шуд...

19 марти соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки роҳбарият, кормандони бонк ва баргузории ҷаласаи идона таҷлил карда шуд.

19.03.2021 Эълони Озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд

18.03.2021 Риояи неки суннатҳои Наврӯзӣ

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таърихи деринаи бостонӣ дошта, аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад ва дорои арзишу сифатҳои нек аст. Аз ҷумла, ваҳдату ҳамраъйӣ, дӯстиву рафоқат, некию накукорӣ, аёдати беморон, ёд кардани гузаштагон ва хайру эҳсон ба ниёзмандону дармондагон аз муҳимтарин оинҳои ин ҷашни фархундаи ниёгон дониста мешавад, ки мардуми мо ба он арҷ мегузоранд.

18.03.2021 Натиҷаи музоядаи қарзӣ

Музоядаи қарзии Бонки миллии Тоҷикистон барориши МФ211128, ки 18 марти соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

17.03.2021 Эълони Озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд

15.03.2021 Эълони Озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд

15.03.2021 Дар бораи ҶДММ “ДС суғурта”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2021, таҳти №44 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ДС суғурта” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

15.03.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007019, ки 15 марти соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

12.03.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007018, ки 12 марти соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

09.03.2021 Эълони Озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд

05.03.2021 Модар - сарчашмаи меҳру вафо ва нахустин мураббию муаллим!

5 марти соли соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни фархундаи Рӯзи Модар бо иштироки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев, Муовинони Раис Фирдавс Толибзода, Мирҳаёт Ёқубзода, Моҳбону Накҳатзода ва бонувони корманди бонк ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

05.03.2021 Дар бораи ҶДММ “Бейкер тилли Тоҷикистон”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2021 таҳти №42, мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 19 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ ба муҳлати  5 сол иҷозатнома дода шуд.

04.03.2021 Натиҷаи музоядаи Векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

04 марти соли 2021 музоядаи Векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барориши D091030621, бо натиҷаи зерин баргузор гардид:

04.03.2021 Натиҷаи музоядаи қарзӣ

Музоядаи қарзии Бонки миллии Тоҷикистон барориши МФ210928, ки 4 марти соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

03.03.2021 Эълони музоядаи Векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи ҶТ

Бонки миллии Тоҷикистон санаи 4 марти соли 2021 музоядаи Векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор менамояд.

02.03.2021 Дар бораи аз нав ба расмият даровардани иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Вестерн Юнион ДП Восток” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2021, таҳти №40 бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Вестерн Юнион ДП Восток” (ООО “Небанковская кредитная организация “Вестерн Юнион ДП Восток””) барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, мутобиқи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”...

02.03.2021 Дар бораи аз нав ба расмият даровардани иҷозатномаи БДА ҶТ “Амонатбонк” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Тибқи қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2021, таҳти №39 бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи БДА ҶТ “Амонатбонк” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, дар асоси моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”...

02.03.2021 Вокуниш ба маводи нашркардаи хабаргузории «Азия-Плюс» аз 26 феврали соли 2021, «БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кумак мекунад”

Дар мақолаи нашрнамудаи хабаргузории «Азия-Плюс» аз 26 феврали соли 2021 зери унвони «БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кумак мекунад” гуфта мешавад, ки “БМТ баъди ба кор андохтани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ акнун ҳамаи имкониятҳоро барои муайян кардани фиристанда ва гирандаи қариб ҳар як интиқоли анҷомдода дар ихтиёр дорад”.

01.03.2021 Дар бораи Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 19 январи соли 2021, №7 ва дар асоси моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2019, №58 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июни соли 2019, №559 «ғ» ба қайд гирифта шудааст, тағйиру иловаҳо ворид намуд.

26.02.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212007016, ки 26 феврали соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

25.02.2021 Натиҷаи музоядаи қарзӣ

Музоядаи қарзии Бонки миллии Тоҷикистон барориши МФ210828, ки 25 феврали соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

24.02.2021 Натиҷаи музояда

Музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барориши К212091015, ки 24 феврали соли 2021 баргузор гардид, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт:

23.02.2021 Дар бораи ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2021 таҳти №35 дар асоси моддаҳои 6 ва 34-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаҳои 6 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, инчунин бобҳои 11 ва 54-и Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”,...

23.02.2021 Дар бораи ҶДММ “Кроу Хорват-ЭЙСИҶИ”

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 10 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” қарори навбатиро аз 19 феврали соли 2021, таҳти №34 ба тасвиб расонид,...


Ахбор 807 - 832 аз 5135
Аввал | Пешӣ | 30 31 32 33 34 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ