Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи июн
    -0,5%
  • 9,0%
  • Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ
    23,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 28 апрели с.2021)12,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)11,01
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июн)
    10,05
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июн)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июн)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)
    22,16
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ-июн)
    21,07




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.07.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 367.07 3 447.49
10 6 647.18 6 805.92
20 13 148.26 13 462.27
50 32 632.46 33 411.78
100 65 100.15 66 654.86

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

01.06.2009 Фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор муназзам аст

Субҳи рӯзи душанбе нуқтаҳои мубодилаи асъор ба фаъолияти муназзами худ шурӯъ карданд. Савдо тибқи эълонномаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор, яъне ба ҳисоби миёна 4,36-4,40 сомонӣ барои 1 доллари ИМА анҷом дода мешаванд.

01.06.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монд

Дар давоми рӯз, яъне 1 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монда, ба ҳисоби миёна 4,36-4,40 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мутаносибан 1,40-1,42 сомонӣ ва 6,10-6,12 сомониро ташкил намуданд.

29.05.2009 Дар бозори нақдӣ қурби хариду фурӯши доллари ИМА аз 4,75 то 4,45 сомонӣ поин рафт

Дар давоми рӯз, яъне 29 май поинравии қурби доллари ИМА аз 4,75 то 4,45 сомонӣ ба мушоҳида расид.

20.05.2009 Сатҳи таваррум поин меравад

Сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2009 ба андозаи 0,1 фоиз коҳиш ёфта, аз аввали сол 1,1 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 банди фоизӣ паст мебошад.

20.05.2009 Афзоиши ММД 2,9 фоизро ташкил дод

Тибқи маълумоти фаврӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар моҳҳои январ-апрели соли равон 4 426,5 млн. сомониро ташкил дода, афзоиши воқеии он бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 фоизро ташкил дод.

05.05.2009 Қурби миёнаи амалиёт бо доллари ИМА бетағйир монд

5 майи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монда, чун рӯзи гузашта 4,15 сомониро ташкил дод. Вазъ дар бозори асъор аз он шаҳодат медиҳад, ки пешниҳоди асъори хориҷӣ ҷавобгӯи талабот буда, дар баъзе ҳолатҳо талаботи муайян ба сомонӣ бештар ба назар мерасад.

04.05.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар шаҳри Душанбе 4,15 сомониро ташкил дод

Бо зиёд шудани пешниҳод дар бозор 4 майи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши доллари нақдинаи ИМА нисбат ба рӯзҳои охири кории ҳафтаи гузашта паст шуда, ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе 4,15 сомониро ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, қурби он дар ҳудуди 4,04 то 4,09 сомонӣ ҷамъбаст гардид.

30.04.2009 Дар бозори нақдӣ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА то 4,15 сомонӣ поин рафт

29 апрели соли равон бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон амалиётро оид ба фурӯши асъори хориҷӣ шурӯъ намуданд. Амали мазкур талаботро ба асъори хориҷӣ паст намуд ва ба поин рафтани қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА то 4,15 сомонӣ мусоидат кард.


Ахбор 4305 - 4312 аз 4435
Аввал | Пешӣ | 537 538 539 540 541 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ