- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи октябр-0,3%
- 4,4%
- Пулҳои захиравӣ (октябр) млрд. сомонӣ33,8
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (октябр)7,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)12,95 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)23,35 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)15,00%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)20,66%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)22,91%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 05.12.2023 1 USD 10.9538 1 EUR 11.9155 1 RUB 0.1206
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ахбор
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдии ҷумҳурӣ 9-10 март каме паст шуда, ба ҳисоби миёна 4,3640-4,3800 сомониро ташкил дод.
Қурбҳои миёнаи асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдии ҷумҳурӣ 5 март ва рӯзҳои истироҳат бетағйир боқӣ монданд. Дар натиҷа қурбҳои миёнаи доллари ИМА дар сатҳи 4,3650-4,3820 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,4420-1,4540 сомонӣ ва 1 евро 5,8640-5,9260 сомонӣ қарор доштанд.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар моҳи январи соли ҷорӣ 1 157,6 млн. сомониро ташкил дода, рушди воқеии он бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 4,2 фоиз баробар шуд.
Сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар моҳи январи соли равон 0,7 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи феълии таваррум дар ин давра аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти озуқа 0,1 фоиз, маводи ғайриозуқа 0,7 фоиз ва хизматрасонии пулӣ 3,0 фоиз ба амал омад.
Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА 2-3 март дар маҷмӯъ каме паст шуд ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоби миёна 4,3750-4,3850 сомониро ташкил дод.
Қурби миёнаи доллари ИМА 26 феврал ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ нисбатан мӯътадил буд ва ба ҳисоби миёна 4,3640-4,3810 сомониро ташкил дод.
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдии ш.Душанбе 23-24 феврал чун пештара тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар сатҳи 4,3780-4,3880 сомонӣ қарор дошт.
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдии ш.Душанбе 18-19 феврал ва рӯзҳои истироҳат каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,3780-4,3900 сомониро ташкил дод.
Бонки миллии Тоҷикистон 23 феврали соли равон, соати 10:00 дар бинои нави Бонки миллӣ музоядаи №011091004 Векселҳои давлатии хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон менамояд.
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдии ш.Душанбе 16-17 феврал (0,03 фоиз) каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,3740-4,3840 сомониро ташкил дод.
Қурби миёнаи асъори хориҷӣ 12 феврал ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3586-4,3720 сомонӣ барои долл. ИМА-ро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро ба 1,4220-1,4350 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,0150-6,0650 сомонӣ барои евро баробар шуданд.
Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз (11.02.с.2010) бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ҶСК “Соҳибкорбонк” маъмурияти муваққатӣ ба мӯҳлати шаш моҳ ҷорӣ гардид.
Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА 9-10 феврал дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоби миёна ба 4,3580-4,3710 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро бошад, мувофиқан 1,4184-1,4310 сомонӣ ва 6,0450-6,0950 сомониро ташкил доданд. Умуман, қобили қайд аст, ки ҳоло вазъияти бозори дохилии асъор мӯътадилӣ ва мутавозунии пешниҳоду талаботро инъикос менамояд.
Қурби миёнаи долл. ИМА 5 феврал ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3550-4,3680 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, мувофиқан ба 1,4240-1,4390 сомонӣ ва 6,0090-6,0670 сомонӣ баробар шуданд.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдии ҷумҳурӣ 2-3 феврал бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3586-4,3716 сомониро ташкил дод.
Қурбҳои миёнаи асъори хориҷӣ дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ 29 январ ва рӯзҳои истироҳат тамоили пастшавиро нигоҳ доштанд. Аз ҷумла, қурби доллари ИМА ба 4,3552-4,3708 сомонӣ, қурби 10 рубли русӣ ба 1,4200-1,4350 сомонӣ ва қурби евро ба 6,1150-6,1670 сомонӣ баробар шуданд.
Қурби миёнаи долл. ИМА 26-27 январ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,36-4,37 сомонӣ барои 1 долл. ИМА-ро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, 1,42-1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,11-6,17 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.
27 январи соли равон соати 10:00 дар Бонки миллии Тоҷикистон музоядаи фурӯши Векселҳои давлатии хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳаҷми барориши векселҳо маблағи 5,0 млн. сомонӣ ва мӯҳлати гардиши он 91 рӯзро ташкил дод. Фоизи даромаднокии векселҳо ба 7 фоиз баробар шуд.
Натиҷаҳои назаррас ва қобили таваҷҷӯҳи тайи як соли охир, аз қабили дастоварду камбудиҳо дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар соли 2009, рафти татбиқи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани чораҳои мушаххас барои коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба низоми бонкӣ ва иқтисодиёти мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳим дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 25 январи соли 2010 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қурбҳои миёнаи асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ 22 январ ва рӯзҳои истироҳат тамоили пастшавиро нигоҳ доштанд. Аз ҷумла, қурби 1 доллари ИМА ба 4,3670-4,3810 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4222-1,4352 сомонӣ ва 1 евро ба 6,1570-6,2150 сомонӣ баробар шуданд.
Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА 19-20 январ бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 4,37-4,38 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, ба 1,42-1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,20-6,26 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.
Қурби миёнаи долл. ИМА 15 январ ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монд ва ба ҳисоби миёна дар сатҳи 4,3726-4,3864 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор дошт. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошанд, каме тағйир ёфта, 10 рубли русӣ 1,4202-1,4336 сомонӣ ва 1 евро 6,2170-6,2750 сомониро ташкил доданд.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ 12-13 январ тамоюли пастшавиро нигоҳ дошта, ба ҳисоби миёна 4,3766-4,3924 сомониро ташкил дод.
Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари нақдии ИМА 8 январ ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ тамоюли пастравиро соҳиб гашт ва ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА 4,3924-4,4058 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошанд, ба 1,4204-1,4350 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,2270-6,2770 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.
Қурби миёнаи долл. ИМА 5-6 январ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 4,3922-4,4056 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме боло рафтанд ва мувофиқан 1,4250-1,4430 сомонӣ ва 6,2450-6,2950 сомониро ташкил намуданд.
Қурби миёнаи долл. ИМА 5-6 январ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 4,3922-4,4056 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме боло рафтанд ва мувофиқан 1,4250-1,4430 сомонӣ ва 6,2450-6,2950 сомониро ташкил намуданд.
Ахбор 4785 - 4810 аз 5056
Аввал | Пешӣ | 183 184 185 186 187 | Баъдӣ | Охир
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ