Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

29.10.2009 Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ кам шуданд

28 октябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор паст фаромад. Масалан, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна қурби 1 долл. ИМА ба 4,3430-4,3590 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бетағйир боқӣ монданд ва 10 рубли русӣ 1,4740-1,4890 сомонӣ ва 1 евро 6,4500-6,5000 сомониро ташкил доданд.

26.10.2009 Қурби доллари ИМА дар бозори нақд мунтазам коҳиш ёфт

Қурби миёнаи нақдии долл. ИМА 23 октябр ва рӯзҳои истироҳат мунтазам поин рафт. Аз ҷумла, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ 1 долл. ИМА ба 4,3500-4,3800 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро бошанд, тағйир наёфтанд ва 10 рубли русӣ 1,4740-1,4930 сомонӣ ва 1 евро 6,4900-6,5500 сомониро ташкил доданд. Дар маҷмӯъ, айни замон аз асъорҳои дигар дида, талабот бештар ба сомонӣ ба назар мерасад.

26.10.2009 Эълон дар бораи гузаронидани озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои интихоби ширкати аудиторӣ ва гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии бонк дар давраи май-декабри соли 2009 (ба ҳолати 31 декабри соли 2009) озмун эълон мекунад.

23.10.2009 Вазъият дар бозори дохилии асъор мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ 20-21 октябр мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3700-4,3900 сомониро ташкил дод.

19.10.2009 Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

16 октябр ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор мунтазам паст фаромад. Аз ҷумла, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва вилояти Суғд ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,3800-4,3900 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, 10 рубли русӣ 1,4620-1,4740 сомонӣ ва 1 евро 6,4800-6,4900 сомониро ташкил доданд.

15.10.2009 Натиҷаҳои фаъолияти БМТ дар нӯҳ моҳи соли 2009

Масъалаҳои муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ, аз қабили натиҷаи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар нӯҳ моҳи соли 2009 ва дастоварду камбуди он дар давраи ҳисоботӣ, рафти татбиқи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди рушди иқтисодиёти кишвар, , андешидани чораҳои мушаххас ба хотири коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба низоми бонкӣ ва иқтисодиёти мамлакат дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 15 октябри соли 2009 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд Дар он аъзои раёсати БМТ, роҳбарият ва сардорони Идораю шӯъбаҳои бонк ширкат варзиданд.

15.10.2009 Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ паст фаромад

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ 13-14 октябри соли ҷорӣ мунтазам паст фаромад ва ба ҳисоби миёна 4,4008-4,4170 сомониро ташкил дод. Қурбҳои рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 1,4640-1,4780 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,4500-6,5000 сомонӣ барои 1 евроро ташкил намуданд.

12.10.2009 Арзиши асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ поин рафт

Дар бахши бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 9 октябр арзиши миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА тадриҷан коҳиш ёфт ва дар атрофи 4,3887 - 4,4217 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор гирифт. Вале қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро бошад, каме баланд гардид ва 1 евро ба 6,4651 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4686 сомонӣ баробар шуд.

08.10.2009 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА 6 - 7 октябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,4050-4,4220 сомонӣ баробар буд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баландтар шуда, мувофиқан 1,4580-1,4680 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,4500-6,5000 сомонӣ барои 1 евроро ташкил намуданд.

05.10.2009 Қурби доллари ИМА дар бозори нақдина бетағйир монд

Қурби миёнаи долл. нақдии ИМА 2 октябр ва рӯзҳои истироҳат тағйир наёфта, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳури ба ҳисоби миёна ба 4,4060-4,4230 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро каме паст фаромада, мувофиқан 10 рубли русӣ 1,4160-1,4330 сомонӣ ва 1 евро 6,2920-6,3480 сомониро ташкил доданд. Дар маҷмӯъ, айни замон вазъи феълии бозори дохилии асъор аз мӯътадил будани амалиёт ва мутавозунии нисбати пешниҳоду талабот шаҳодат медиҳад.

01.10.2009 Қурби асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ паст фаромад

Дар бахши бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 29-30 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА мӯътадил паст фаромада, дар ҳудуди 4,3890 - 4,4268 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор гирифт. Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро низ чунин тамоилро доштанд ва 1 евро ба 6,3896 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4586 сомонӣ баробар шуданд.

28.09.2009 Вазъият дар бозори дохилии асъор мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар рӯзҳои истироҳат тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна 4,41-4,43 сомониро ташкил дод.

25.09.2009 Қурби доллари ИМА дар бозори нақдина мунтазам паст фаромад

Қурби миёнаи долл. нақдии ИМА 23-25 сентябр мунтазам паст фаромад. Аз ҷумла, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва вилояти Суғд ба 4,4150-4,4250 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан 10 рубли русӣ 1,4500-1,4600 сомонӣ ва 1 евро 6,4600-6,5000 сомониро ташкил доданд. Дар маҷмӯъ, айни замон ба сомонӣ талаботи бештар ба мушоҳида мерасад.

22.09.2009 Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Дар рӯзи кории 18 сентябр ва рӯзҳои истироҳат қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор мунтазам паст фаромад Аз ҷумла, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва вилояти Суғд ба ҳисоби миёна 1 доллари ИМА ба 4,4280-4,4420 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан 10 рубли русӣ 1,4320-1,4420 сомонӣ ва 1 евро 6,4300-6,4800 сомониро ташкил доданд.

17.09.2009 Вазъият дар бозори дохилии асъор мӯътадил мебошад

Дар бахши бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ дар давоми рӯзҳои кории 15-16 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА мӯътадил боқӣ монда, арзиши 1 долл. ИМА 4,3945 - 4,4298 сомониро ташкил дод. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме баланд шуда, 1 евро ба 6,3896 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,4389 сомонӣ баробар шуданд.

14.09.2009 Қурби доллари ИМА тамоюли пастравиро соҳиб гашт

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар давоми рӯзҳои кории 10 -11 сентябр ва рӯзҳои истироҳат каме пасттар шуд. Ин тамоюл рӯзҳои охир ва инчунин субҳи имрӯз, 14 сентябр низ дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ идома ёфт ва қурби 1 долл. ИМА дар ҳудуди 4,4320-4,4540 сомониро ташкил дод. Қурби асъорҳои хориҷии дигар нисбати сомонӣ бошад, каме афзуда, 10 рубли русӣ ба 1,41 сомонӣ ва 1 евро ба 6,32 сомонӣ баробар шуданд.

10.09.2009 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина каме тағйир ёфт

Дар рӯзҳои 8-9 сентябр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 4,45 - 4,46 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд.

07.09.2009 Дар рӯзҳои истироҳат низ қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор тағйир наёфт

Дар рӯзҳои истироҳат чун чанд рӯзи гузашта қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тағйир наёфта, ба ҳисоби миёна 4,43 - 4,45 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар буд.

03.09.2009 Қурбҳои миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ бетағйир монданд

3 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА ва рубли русӣ дар бахшҳои асосии бозори асъор тағйир наёфта, дар қисмати байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор ба 4,39-4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 1,37-1,40 сомонӣ барои 10 рубли русӣ баробар шуд. Қурби миёнаи хариду фурӯши евро бошад, каме афзуда 6,29 сомониро барои 1 евро ташкил дод.

02.09.2009 Дар бозори нақдина қурби доллари ИМА устувор боқӣ монд

Дар бозори нақдинаи ш. Душанбе 2 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА нисбат ба рӯзи гузашта устувор боқӣ монд ва ба ҳисоби миёна 4,4380 - 4,4530 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст шуданд, мувофиқан 10 рубли русӣ ба 1,3750-1,3890 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2820-6,3170 сомонӣ барои баробар шудаанд.

01.09.2009 Дар бозори нақдина қурби асъорҳои хориҷӣ каме тағйир ёфт

Дар давоми рӯзи 1 сентябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти долл. ИМА ва рубли русӣ каме тағйир ёфта, мувофиқан 4,4350-4,4550 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 1,3850-1,3950 сомонӣ барои 10 рубли русӣ муқаррар шуданд, қурби миёнаи хариду фурӯши евро бошад, каме афзуда, ба ҳисоби миёна 1 евро ба 6,2920-6,3130 сомонӣ баробар шуд.

31.08.2009 Тайи рӯзҳои истироҳат қурби доллари ИМА бетағйир монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ нисбатан мӯътадил буда, ба ҳисоби миёна 4,43-4,45 сомониро ташкил дод.

28.08.2009 Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Имрӯз, 28 августи соли ҷорӣ, ҳаҷми қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ ва қурбҳои дар бозори байнибонкӣ муқарраршуда, аз фаъолтар шудани амалиётҳо бо евро ва рубли русӣ шаҳодат медиҳанд. Умуман, аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда қурбҳои миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, евро ва рубли русӣ каме тағйир ёфта, 4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА 6,29 сомонӣ барои 1 евро ва 1,40 сомонӣ барои 10 рубли русиро ташкил доданд.

27.08.2009 Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ чун рӯзҳои пештара бетағйир монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА 27 августи соли ҷорӣ чун рӯзҳои пештара бетағйир монд ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 1 долл. ИМА ба 4,4340 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои асъорҳои дигар низ мӯътадил буданд, яъне 10 рубли русӣ 1,3930 сомонӣ ва 1 евро 6,2950 сомониро ташкил доданд.

26.08.2009 Қурбҳoи миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ каме поин рафтанд

26 августи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА ва евро дар бештари бахшҳои бозори асъор каме паст шуда, дар қисмати байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор 1 долл. ИМА ба 4,39-4,43 сомонӣ ва 1 евро ба 6,25-6,29 сомонӣ баробар шуданд. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ бошад, каме афзуд ва 10 рубли русӣ 1,40 сомониро ташкил дод.

25.08.2009 Дар бозори асъор каме тағйирот ба амал омад

25 августи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда, то андозаи 4,39 – 4,43 сомонӣ паст фаромад. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан 10 рубли русӣ ба 1,40 сомонӣ барои ва 1 евро ба 6,30 сомонӣ баробар шуд.


Ахбор 4915 - 4940 аз 5136
Аввал | Пешӣ | 188 189 190 191 192 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ