- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи апрел0,5%
- 3,4%
- Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ34,9
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (апрел)9,93%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-апрел)12,55 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-апрел)23,13 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-апрел)15,19 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)20,74 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (апрел)22,47 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 02.06.2023 1 USD 10.9136 1 EUR 11.6852 1 RUB 0.1345
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ахбор
25 апрели соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ оид ба натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони бонк ва воҳидҳои сохтории он ширкат варзиданд.
6 апрели соли равон вохӯрии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси БМТ М. Алимардонов бо шореҳи рӯзномаи бонуфӯзи Ҷопон “Асахи Шимбун” ҷаноби Тедди Текейши баргузор гардид.
29 марти соли ҷорӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов намояндагони Бонки миллии Швейтсарияро таҳти сарварии Раиси тадқиқоти байналхалқӣ ва ҳамкориҳои техкикии бонки номбурда ҷаноби Вернер Херман, ки бо сафари корӣ дар ҷумҳурии мо ҳузур доранд, ба ҳузур пазируфт.
28 марти соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишномаи кредитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Қувайтии рушди иқтисодии Араб оиди қисмати дуюми лоиҳаи обёрии водии Данғара баргузор гардид. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санади мазкур вазири молияи мамлакат С. Наҷмуддинов ва аз ҷониби Қувайт муовини Раиси кулли хазинаи номбурда ҷаноби Ҳамад С. Ал-Омар имзо гузоштанд.
28 марти соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон корхонаи воҳиди давлатии “Клуби соҳибкорони ҷавон”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Бонкҳо ва хизматрасонии онҳо ба соҳибкорон” мизи мудаввар гузарониданд.
27 марти соли равон ҳайати Хазинаи Қувайтии рушди иқтисодии Араб таҳти сарварии муовини Раиси кулли хазина ҷаноби Ҳамад С. Ал-Омар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.
Аз 27 то 31 марти соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони бонкҳои мамлакат курси махсус “Ҷанбаҳои андозии фаъолияти бонкӣ бо назардошти тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад.
2 марти соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии Раиси БМТ М. Алимардонов бо ҳайати Бонки рушди Авроосиё таҳти сарварии Раиси раёсати ин бонк И. Феногенов баргузор гардид.
5 марти соли равон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов ҳайати «China Exim Bank»-ро таҳти сарварии ноиби президенти бонк ҷаноби Ли Тсюн ба ҳузур пазируфт.
26 феврали соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва шӯъбаҳои бонк семинари байналхалқӣ таҳти унвони “Ҳисоббаробариҳои байналхалқӣ ва молия” баргузор гардид.
Ҳайатҳои Хазинаи байналхалқии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки бо ташрифи корӣ дар Душанбе мебошанд, 22 феврал дар ҷараёни вохӯрӣ бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Барномаи арзёбии бахши молиявии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
15 феврали соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, сардорони мудирияту идораҳои Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва мутахассисони соҳа маҷлиси машваратии корӣ баргузор гардид.
1 феврали соли 2007 ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Карлос Пинеруа кори худро анҷом дод.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инкишофи соҳибкорӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содироти мол, бо Қарори Раёсати Бонки милли Тоҷикистон аз 26 январи соли равон , №37 Низомнома “Дар бораи тартиби ба амал баровардани назорати асъор аз болои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштани маблағҳои асъорӣ аз содироти мол”, ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 августи соли 1996, №38 тасдиқ шудааст, аз 1 марти соли равон беэътибор дониста шуд.
27 январи соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи мизи мудаввар оид ба баррасии лоиҳаи “Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низоми бонкӣ барои давраи то соли 2009” бо назардошти дархосту пешниҳодҳои воридшуда баргузор гардид. Дар кори он аъзои раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, ҷамъияту ташкилотҳои ғайрибонкии молиявӣ, намояндагони сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои байналхалқии молиявию бонкҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, олимони донишгоҳу донишкадаҳо ва васоити ахбори ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
29 январи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор таҳти сарварии Карлос Пинеруа бо роҳбарони як қатор бонкҳои тиҷоратии чумҳурӣ баргузор гардид.
“Оид ба ҳисоботи низоми бонкӣ дар соли 2006 ва дурнамои он барои соли 2007, мушкилоти дар низоми маблағгузории хурд ва соҳаи кишоварзӣ, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳистон ҷойдошта”, - чунин ном дошт ҷаласаи мизи мудавваре, ки 26 январи соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он роҳбарияти БМТ, сардорони тамоми бонкҳои мустақил, аз ҷумла 1 бонк бо сармояи пурраи хориҷӣ (ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”), ҷамъиятҳои қарздиҳӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои амонатии кредитии хурд, ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарздиҳии хурд ширкат варзиданд.
25 январи соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар соли 2006 ҷамъбаст карда шуданд.
25 январи соли 2007 ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Карлос Пинеруа кори худро оғоз намуд.
28 ноябр Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов дар мизи мудавваре, ки дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки мушовири Давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисодӣ М. Давлатов, кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи Президент, як қатор вазорату идораҳо ва намояндагони ташкилотҳои кӯмакрасон, аз ҷумла USAID барпо гардид, иштирок ва баромад намуд.
22 ноябри соли равон дар Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҷаласаи васеи Раёсати бонк бо роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва ғайрибонкии молиявӣ баргузор гардид.
Чанде пеш ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифҷонов А.Ш., дар конфронси байналхалқии “Банкнота - 2006”, ки дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, ширкат варзид. Дар кори он зиёда аз 400 нафар мутахассисон Бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои онҳо аз Амрико, Русия, Ҷопон, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, ташкилотҳои Интерпол, Европол, корхонаҳои истеҳсоли қоғаз ва таҷҳизотҳои махсус барои чоп ва коркарди пули нақд истифодашаванда ( аз ҷумла иттиҳодияи “Гознак”-и Федератсияи Русия, ширкатҳои “Кустерз”– и Голландия ва “Гизеке – Давриент” - и Олмон, ки бо истеҳсол ва нигаҳдорӣ пулҳои коғазӣ машғул ҳастанд), иштирок намуданд.
23 октябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии мақомоти роҳбарии БМТ таҳти сарварии Раиси бонк Алимардонов М. М. бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), ки бо сафари хизматӣ дар Тоҷикистрон қарор доранд, баргузор гардид.
20 октябри соли ҷорӣ ҳайати Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Карлос Пинеруа, ки субҳи имрӯз ба Тоҷикистон ташриф овард, кори худро оғоз намуд.
18 октябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2006 ҷамъбаст карда шуданд.
29 сентябри соли равон Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости ҶС «Казкоммерцбанк» (Қазоқистон)-ро баррасӣ намуда, дар асоси моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ҷиҳати таъсиси намояндагии ҶС «Казкоммерцбанк» дар шаҳри Душанбе розигӣ дод.
Ахбор 4863 - 4888 аз 4914
Аввал | Пешӣ | 185 186 187 188 189 | Баъдӣ | Охир
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон

- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ