- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
- Таваррум дар моҳи ноябр1,8%
- 9,8%
- Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд. сомонӣ20,6
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 03 августи с.2020)10,75 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (ноябр)11,39
- Меъёри фоизӣ дар соли 2020
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-ноябр)10,14
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-ноябр)22,90
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-ноябр)16,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (ноябр)21,66
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (ноябр)21,79
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 18.01.2021 1 USD 11.3000 1 EUR 13.7013 1 RUB 0.1533
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2019
- Соли молиявии 2018
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ахбор
8 декабри соли ҷорӣ ва субҳи имрӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тамоюли каме баландшавиро ба худ касб намуда, ба ҳисоби миёна 1 доллари ИМА 4,3880-4,4080 сомониро ташкил дод. Қурбҳои рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, 10 рубли русӣ ба 1,4520-1,4650 сомонӣ ва 1 евро ба 6,4500-6,5000 сомонӣ баробар шуданд.
Рӯзҳои 4 ва 7 декабри соли ҷорӣ дар бозори байнибонкии ҷумҳурӣ қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва рубли русӣ бетайғир монд ва 1 долл.ИМА ба 4,3533 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,4902 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёнаи евро бошад, каме баланд шуда, 1 евро 6,5575 сомониро ташкил дод.
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ 2 декабри соли ҷорӣ тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна 4,3488-4,3686 сомониро ташкил дод. Дар баробари ин, қурбҳои рубли русӣ ва евро каме афзуда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 10 рубли русӣ 1,4740-1,4870 сомонӣ ва 1 евро 6,4550-6,5000 сомониро ташкил намуданд.
Аз 27 ноябр то 1 декабри соли ҷорӣ бинобар зиёд шудани пешниҳодҳо дар бозори байнибонкӣ қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва рубли русӣ каме паст фаромад. Дар натиҷа, 1 долл. ИМА ба 4,3532 сомонӣ ва 10 рубли руси ба 1,4577 сомонӣ баробар шуданд. Қурби миёнаи евро бошад, каме баланд шуда, 1 евро 6,4347 сомониро ташкил дод.
Рӯзҳои 24-25 ноябри соли ҷорӣ шумораи қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ каме афзуд. Қурбҳои миёнаи амалиёт бо долл. ИМА ва евро тадриҷан паст шуда, 1 долл. ИМА 4,3470 сомонӣ ва 1 евро 6,4339 сомониро ташкил доданд. Баръакс қурби миёнаи амалиёти рубли русӣ андаке баланд шуда, 10 рубли русӣ ба 1,5061 сомонӣ баробар шуд.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад.
20 ноябр ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат арзиши миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар аксари бахшҳои бозори асъор бетағйир боқӣ монд. Аз ҷумла, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва вилояти Суғд қурби нақдӣ 1 долл. ИМА ба ҳисоби миёна ба 4,3560-4,3740 сомониро ташкил медод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва еврои нақд як каме афзуданд ва ба 1,4760-1,4960 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,4540-6,5070 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.
Рӯзҳои 17-19 ноябри соли ҷорӣ батадриҷ афзудани шумораи қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ ба мушоҳида расид. Бинобар ин, қурбҳои миёнаи амалиёти анҷомдода бо доллари ИМА ва Евро каме баланд шуданд ва 1 долл. ИМА 4,3503 сомонӣ ва 1 Евро 6,4905 сомониро ташкил доданд. Қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ бошад, чун рӯзҳои гузашта бетағйир монда, 10 рубли русӣ ба 1,4988 сомонӣ баробар шуд.
Ахбор 4041 - 4048 аз 4275
Аввал | Пешӣ | 504 505 506 507 508 | Баъдӣ | Охир
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ