Масъалаҳои тағйирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва нигоҳ доштани мутавозинии табиӣ дар сатҳи глобалӣ ва миллӣ рӯз аз рӯз аҳаммияти бештар пайдо менамоянд. Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон ташаббусҳоеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иқлим дар доираи Созишномаи Париж роҳандозӣ менамояд, дастгирӣ карда, фаъолияти низоми молиявиро дар ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор тавассути татбиқи принсипҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) муҳим арзёбӣ менамояд.
Низоми молиявӣ дар маблағгузории устувор тавассути амалияи мутобиқ намудани фаъолияти соҳибкорон ба консепсияи корпоративию иҷтимоӣ ва дар навбати худ, маблағгузории лоиҳаҳои экологию иҷтимоӣ нақши калидӣ дорад.
Бо назардошти ин, Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ҷиҳати таҳияи замина барои маблағгузории экологию иҷтимоӣ, идоракунии корпоративӣ (ESG) ва таҳлили хавфҳои иқлимӣ дар низоми бонкӣ корбарӣ менамояд.
Маблағгузории устувор - раванди ба инобат гирифтани омилҳои экологӣ, иҷтимоӣ, иқлимӣ ва идоракунӣ ҳангоми қабули қарорҳои маблағгузорӣ дар бахши молиявӣ мебошад, ки боиси маблағгузории дарозмудати фаъолияти устувори иқтисодӣ ва лоиҳаҳо мегардад.
Принсипҳои ESG
|
Environmental – экологӣ
Тағйирёбии иқлим, партовҳои гази гулхонаӣ, олудашавии обу ҳаво, гуногунии биомасса ва ғайра. |
Social – иҷтимоӣ
Фароҳам овардани шароити мусоиди кор, фарогирӣ, баробарии гендерӣ ва ғайра. |
Governance – идоракунии корпоративӣ
таъмини шаффофияти идоракунӣ ва ифшои маълумот, мустақилияти шурои директорон ва ғайра |
Руйдодҳо
Хатмкунандагони Барномаи гузариши иқлимӣ сертификат гирифтанд
Маводҳо