Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,8%
  • 8,5%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    20,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)10,24
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-октябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-октябр)
    22,76
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-октябр)
    16,21
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    21,98
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-октябр)
    22,37




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 26.11.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3381.12 3461.86
10 6675.26 6834.68
20 13204.42 13519.77
50 32772.86 33555.54
100 65380.96 66942.37

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 31 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

23.11.2006 Ҷаласаи васеи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид

22 ноябри соли равон дар Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҷаласаи васеи Раёсати бонк бо роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва ғайрибонкии молиявӣ баргузор гардид.

15.11.2006 Ҳайати БМТ дар конфронси байналхалқӣ ширкат варзид

Чанде пеш ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифҷонов А.Ш., дар конфронси байналхалқии “Банкнота - 2006”, ки дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, ширкат варзид. Дар кори он зиёда аз 400 нафар мутахассисон Бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои онҳо аз Амрико, Русия, Ҷопон, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, ташкилотҳои Интерпол, Европол, корхонаҳои истеҳсоли қоғаз ва таҷҳизотҳои махсус барои чоп ва коркарди пули нақд истифодашаванда ( аз ҷумла иттиҳодияи “Гознак”-и Федератсияи Русия, ширкатҳои “Кустерз”– и Голландия ва “Гизеке – Давриент” - и Олмон, ки бо истеҳсол ва нигаҳдорӣ пулҳои коғазӣ машғул ҳастанд), иштирок намуданд.

26.10.2006 Мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистрон бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор

23 октябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии мақомоти роҳбарии БМТ таҳти сарварии Раиси бонк Алимардонов М. М. бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), ки бо сафари хизматӣ дар Тоҷикистрон қарор доранд, баргузор гардид.

20.10.2006 Ҳайати ХБА кори худро оғоз намуд

20 октябри соли ҷорӣ ҳайати Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Карлос Пинеруа, ки субҳи имрӯз ба Тоҷикистон ташриф овард, кори худро оғоз намуд.

18.10.2006 Дар нишасти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон натиҷаи фаъолияти нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ ҷамъбаст карда шуд

18 октябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2006 ҷамъбаст карда шуданд.

29.09.2006 Дар Душанбе намояндагии ҶС «Казкоммерцбанк» кушода шуд

29 сентябри соли равон Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости ҶС «Казкоммерцбанк» (Қазоқистон)-ро баррасӣ намуда, дар асоси моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ҷиҳати таъсиси намояндагии ҶС «Казкоммерцбанк» дар шаҳри Душанбе розигӣ дод.

27.09.2006 Лоиҳа Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2009

Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низомии бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2009 мутобиқи Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 таҳия гардида, самтҳои муҳими рушди низоми бонкии мамлакатро дар ин давра ҷиҳати таъмини устувории иқтисодиёт, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум муайян менамояд.

20.09.2006 Таъсиси «Бонки рушди Тоҷикистон»

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори худ аз 19 сентябри соли 2006 (№329), дар асоси моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва моддаҳои 17, 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ба Ҷамъияти саҳмомии пӯшидаи «Бонки рушди Тоҷикистон» ҷиҳати гузаронидани амалиёти бонкӣ иҷозат дод.


Ахбор 4209 - 4216 аз 4240
Аввал | Пешӣ | 525 526 527 528 529 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ