- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи октябр-0,3%
- 4,4%
- Пулҳои захиравӣ (октябр) млрд. сомонӣ33,8
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 майи с.2023)10,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (октябр)7,38%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)12,95 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)23,35 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)15,00%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)20,66%
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)22,91%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 07.12.2023 1 USD 10.9617 1 EUR 11.8266 1 RUB 0.1188
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
-
Д С Ч П Ҷ Ш Я 27 28 29 30 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31
Ахбор
15 феврали соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, сардорони мудирияту идораҳои Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва мутахассисони соҳа маҷлиси машваратии корӣ баргузор гардид.
1 феврали соли 2007 ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Карлос Пинеруа кори худро анҷом дод.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инкишофи соҳибкорӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содироти мол, бо Қарори Раёсати Бонки милли Тоҷикистон аз 26 январи соли равон , №37 Низомнома “Дар бораи тартиби ба амал баровардани назорати асъор аз болои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштани маблағҳои асъорӣ аз содироти мол”, ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 августи соли 1996, №38 тасдиқ шудааст, аз 1 марти соли равон беэътибор дониста шуд.
27 январи соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи мизи мудаввар оид ба баррасии лоиҳаи “Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низоми бонкӣ барои давраи то соли 2009” бо назардошти дархосту пешниҳодҳои воридшуда баргузор гардид. Дар кори он аъзои раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, ҷамъияту ташкилотҳои ғайрибонкии молиявӣ, намояндагони сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои байналхалқии молиявию бонкҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, олимони донишгоҳу донишкадаҳо ва васоити ахбори ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
29 январи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор таҳти сарварии Карлос Пинеруа бо роҳбарони як қатор бонкҳои тиҷоратии чумҳурӣ баргузор гардид.
“Оид ба ҳисоботи низоми бонкӣ дар соли 2006 ва дурнамои он барои соли 2007, мушкилоти дар низоми маблағгузории хурд ва соҳаи кишоварзӣ, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳистон ҷойдошта”, - чунин ном дошт ҷаласаи мизи мудавваре, ки 26 январи соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он роҳбарияти БМТ, сардорони тамоми бонкҳои мустақил, аз ҷумла 1 бонк бо сармояи пурраи хориҷӣ (ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”), ҷамъиятҳои қарздиҳӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои амонатии кредитии хурд, ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарздиҳии хурд ширкат варзиданд.
25 январи соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар соли 2006 ҷамъбаст карда шуданд.
25 январи соли 2007 ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Карлос Пинеруа кори худро оғоз намуд.
28 ноябр Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов дар мизи мудавваре, ки дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки мушовири Давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисодӣ М. Давлатов, кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи Президент, як қатор вазорату идораҳо ва намояндагони ташкилотҳои кӯмакрасон, аз ҷумла USAID барпо гардид, иштирок ва баромад намуд.
22 ноябри соли равон дар Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҷаласаи васеи Раёсати бонк бо роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва ғайрибонкии молиявӣ баргузор гардид.
Чанде пеш ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифҷонов А.Ш., дар конфронси байналхалқии “Банкнота - 2006”, ки дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, ширкат варзид. Дар кори он зиёда аз 400 нафар мутахассисон Бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои онҳо аз Амрико, Русия, Ҷопон, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, ташкилотҳои Интерпол, Европол, корхонаҳои истеҳсоли қоғаз ва таҷҳизотҳои махсус барои чоп ва коркарди пули нақд истифодашаванда ( аз ҷумла иттиҳодияи “Гознак”-и Федератсияи Русия, ширкатҳои “Кустерз”– и Голландия ва “Гизеке – Давриент” - и Олмон, ки бо истеҳсол ва нигаҳдорӣ пулҳои коғазӣ машғул ҳастанд), иштирок намуданд.
23 октябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии мақомоти роҳбарии БМТ таҳти сарварии Раиси бонк Алимардонов М. М. бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), ки бо сафари хизматӣ дар Тоҷикистрон қарор доранд, баргузор гардид.
20 октябри соли ҷорӣ ҳайати Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Карлос Пинеруа, ки субҳи имрӯз ба Тоҷикистон ташриф овард, кори худро оғоз намуд.
18 октябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2006 ҷамъбаст карда шуданд.
29 сентябри соли равон Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости ҶС «Казкоммерцбанк» (Қазоқистон)-ро баррасӣ намуда, дар асоси моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ҷиҳати таъсиси намояндагии ҶС «Казкоммерцбанк» дар шаҳри Душанбе розигӣ дод.
Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низомии бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2009 мутобиқи Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 таҳия гардида, самтҳои муҳими рушди низоми бонкии мамлакатро дар ин давра ҷиҳати таъмини устувории иқтисодиёт, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум муайян менамояд.
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори худ аз 19 сентябри соли 2006 (№329), дар асоси моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва моддаҳои 17, 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ба Ҷамъияти саҳмомии пӯшидаи «Бонки рушди Тоҷикистон» ҷиҳати гузаронидани амалиёти бонкӣ иҷозат дод.
14 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Алимардонов М. М. бо Президенти Бонки давлатии рушди Ҷумҳурии Мардумии Чин (БДРЧ) Чэн Юан доир гашт. Дар рафти мулоқот як қатор масоили муҳим, аз ҷумла дурнамои ҳамкориҳо миёни БМТ ва БДРЧ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
14 сентябри соли 2006 дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дидору мулоқоти Раиси БМТ Алимардонов М. М. бо ҳайати Бонки содиротӣ-воридотии Чин, ки таҳти сарварии ноиби президенти бонки мазкур Ли Ганг дар Тоҷикистон қарор доранд, доир гашт.
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости Раиси Раёсати ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” Лалбеков И. Л. –ро аз 30 майи соли равон баррасӣ намуда, бо назардошти ташхиси омодагии бонки мазкур барои иҷрои амалиётҳои сейфӣ, дар асоси моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ” бо қарори худ ба ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ҷиҳати иҷрои амалиёти сейфӣ иҷозат дод.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии 15-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар назди кормандони бонк Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов бо паёми табрикӣ суханронӣ намуд. Ӯ аҳли нишастро бо ҷашни умумихалқӣ табрик намуда, иброз дошт, ки ин ҷашн ба соле рост омадааст, ки тамоми мардуми кишвари азизамон 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, бузургдошти Тамаддуни Ориёиро истиқбол мегиранд ва ба гузаронидани Анҷумани тоҷикони ҷаҳон тайёрӣ мебинанд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Биржаи марказии фондии Тоҷикистон (БМФТ) курси таълимиро оид ба тайёр намудани трейдерҳои биржавии асъори хориҷӣ гузаронид. Семинаре, ки панҷ рӯз давом кард, идомаи курси таълимии муштарак дар чаҳорчӯбаи омода намудани мутахассисони бахши бонкӣ ба шумор меравад.
25 августи соли 2006 ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Карлос Пинеруа, ки ба ҷумҳурии мо ташриф овард, кори худро оғоз намуд.
Бо мақсади бузургдошти ҷашнҳои миллӣ ва таърихии кишварамон бо Қарори Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2006 тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнии зерин ба муомилот бароварда шуданд:
19 июли соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи фаъолияти бонк дар нимсолаи аввали соли 2006 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
7 июли равон Намояндаи нави доимии Хазинаи байналхалқии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лукас Моерс ба иҷрои вазифаи худ шурӯъ намуд.
Ахбор 5019 - 5044 аз 5059
Аввал | Пешӣ | 191 192 193 194 195 | Баъдӣ | Охир
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ