Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ

06.06.2023 Баргузории “Форуми саводнокии молиявӣ” дар Душанбе

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 майи соли 2023 дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявию суғуртавӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла шарикони маҳаллӣ ва хориҷӣ фестивали “Саводнокии молиявӣ”-ро, ки аз 3 қисм, “Ярмаркаи маҳсулоти бонкӣ”, “Форуми саводнокии молиявӣ” ва чорабинии фарҳангӣ иборат буд, доир намуд.

05.06.2023 Ҷамъбасти “Моҳи саводнокии молиявӣ” дар Тоҷикистон

Дар доираи маъракаи байналмилалии Global Money Week-2023 Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ, шарикони рушд ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз 1 то 30 апрели соли 2023 дар ҷумҳурӣ моҳи саводнокии молиявиро баргузорнамуд.

11.11.2022 Рӯзи ҷаҳонии пасандоз дар Тоҷикистон

Ҳамасола аксари кишварҳои дунё  31 октябрро ҳамчун  Рӯзи ҷаҳонии пасандоз  (World Savings Day) таҷлил менамоянд, ки ҳадафи асосии он ҳавасмандгардонӣ ва нигоҳ доштани ғояҳои нигоҳдории маблағи пулӣ ва оқилона сарф кардани он   мебошад.

16.05.2022 Ҷамъбасти моҳи саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон "Global Money Week-2022"

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи маъракаи байналмилалии Global Money Week-2022 дар ҳамбастагӣ бо созмонҳои шарик, аз ҷумла Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM), ҶСК "МегаФон Тоҷикистон", ҷамъияти “Дабир”, маркази таълимии "Арт-Дошан Студия", "Сириус" ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз 1 то 30 апрел моҳи саводнокии молиявиро дар Тоҷикистон баргузор намуд.

05.11.2021 Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз дар Тоҷикистон

Тибқи анъана ҳамасола 31 октябр дар тамоми кишварҳои ҷаҳон “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” (World Savings Day) ҷашн гирифта мешавад, ки мақсади асосии он тарғиби истифодаи дурусти маблағ ва пасандоз мебошад.

01.04.2021 Баргузории «Моҳи саводнокии молиявӣ» дар Тоҷикистон

Аз 1 то 30 апрели соли 2021 Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмонҳои шарик дар доираи маъракаи байналмилалии “Global Money Week-2021” моҳи саводнокии молиявиро баргузор менамояд.

14.12.2020 Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон

16 ноябри соли 2020 Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ (Global Entrepreneurship Week) оғоз ёфт. Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ лоиҳаи байналмилалиест, ки 180 кишварро фаро гирифта, ба рушди фарҳанги соҳибкорӣ ва иқтидори соҳибкории ҷавонон нигаронида шудааст. Дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ дар ҷаҳон зиёда аз 40 000 чорабинӣ бо иштироки тақрибан 10 миллион нафар гузаронида мешавад.

10.11.2020 Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз дар Тоҷикистон

31 октябр ҳамасола дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз рӯи анъана “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” (World Savings Day) ҷашн гирифта мешавад. Мақсади асосии Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз машҳур гардонидани мавзӯи пасандоз ва истифодаи сарфакоронаи маблағҳо мебошад.

26.08.2020 Бонки миллии Тоҷикистон барои муштариён вайбер чат-боти "Саводнокии молиявӣ" пешниҳод менамояд

Бонки миллии Тоҷикистон дар яке аз мессенҷерҳои машҳуртарини ҷаҳонӣ Viber ёрдамчии виртуалӣ яъне чат-ботро барои баланд бардоштани саводи молиявии аҳолӣ бо номи “Саводнокии молиявӣ” таъсис дод.

26.08.2020 Тренинги бозомӯзӣ барои омӯзгорон

10-15 августи соли 2020 дар доираи лоиҳаи муштараки Бонки миллии Тоҷикистон ва Фонди хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон, инчунин дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак чорабиниҳои бозомӯзии омӯзгорон баргузор гардиданд.

30.07.2020 "Тобистони молиявӣ 2020"

25 июли соли 2020 дар Маркази саломатии наврасон ва ҷавонони “Шохин-БМТ”-и шаҳри Гулистон барои 120 нафар иштирокчиёни лагер дар мавзӯи "Чӣ гуна бояд ҳадафҳои молиявии худро амалӣ кард ва буҷаи худро ба нақша гирифт?" семинар-тренинг доир карда шуд.

22.07.2020 Дастурамали №241 "Дар бораи тартиби ба истеъмолкунандагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои бонкӣ"

Бо қарори Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон аз санаи 25 июни соли 2020 №79 Дастурамали № 241 "Дар бораи тартиби ба истеъмолкунандагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои бонкӣ" тасдиқ шуда, 14-уми июли соли 2020, таҳти №1026 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашт.

18.05.2020 Ҷамбасти озмунҳо дар мавзӯи саводнокии молиявӣ

Аз 1 то 30 апрели соли равон Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои шарик дар доираи маъракаи байналмилалии Global Money Week-2020 моҳи саводнокии молиявиро баргузор намуд.

03.04.2020 Бонки миллии Тоҷикистон дар кишвар моҳи саводнокии молиявиро эълон намуд

Аз 1 то 30 апрели соли равон Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои шарик дар доираи маъракаи байналмилалии Global Money Week-2020 моҳи саводнокии молиявиро баргузор менамояд.

23.01.2020 БМТ фаъолиятро дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ идома медиҳад

17 январи соли ҷорӣ дар маркази таълимии «Паркинг»-и шаҳри Душанбе оид ​​ба маърифати молиявӣ дар мавзӯи «Чӣ гуна бояд орзуи худро амалӣ намуд?» аз ҷониби Шуъбаи саводнокии молиявии Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон тренинг баргузор гардид.

01.11.2019 Механизми танзимкунанда дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 октябри соли 2019 бо мақсади тақвият бахшидани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ, бо иқдоми Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ...

18.05.2019 Принсипҳои асосии қарзи ипотекӣ (барои хариди хона)

Ин намуди қарз мақсаднок буда, пул ба таври автоматӣ ба ҳисоби фурӯшанда мегузарад ва амволи харидашуда ҳамчун гарав дар бонк гузошта мешавад.

18.12.2017 Татбиқи барнома оид ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ дар Тоҷикистон

Бо ташабусси Ширкати байналмилалии молиявӣ (IFC), ки аъзои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мебошад, дар ҳамоҳангӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои молиявии ҷумҳурӣ, 14 декабри соли 2017 дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои умумии се соли аввали татбиқи Барнома оид ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ дар Тоҷикистон (2014-2017) ҷамъбаст гардид.

30.11.2017 Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони молиявӣ

23-24 ноябри соли 2017 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон (ш. Гулистон) ҷаласаи 5-уми Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ бо иштироки намояндагони бонкҳои марказии (миллии) Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Арманистон, Русия, Белорус, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

09.08.2017 Ташкили бозиҳои таълимӣ-молиявӣ барои кӯдакону наврасон

Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 августи соли ҷорӣ, дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Шарора” ҷиҳати ғанӣ гардонидани маърифати молиявии наврасони синни 14-15 сола, бозии таълимии интерактивӣ таҳти унвони “Пасандоз” баргузор гардид.

20.07.2017 Омӯзиши молиявӣ барои наврасон

11 июли соли 2017 дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Шарора” дар доираи ҳамкорӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон, ҷиҳати ғанӣ гардонидани маърифати молиявӣ барои наврасони синни 14-15 сола бозии таълимии интерактивӣ таҳти унвони “Пасандоз” баргузор гардид.

04.05.2017 Ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ (Global Money Week) дар Тоҷикистон

Бо мақсади тақвият бахшидани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардуми кишвар ҷиҳати васеъ намудани имконияти онҳо, поягузории ояндаи масъулонаи молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ,...

04.04.2017 Такмили маърифати молиявии аҳолӣ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 марти соли 2017 дар гимназияи №53-и шаҳри Душанбе семинари машваратӣ дар мавзӯи “Такмили маърифати молиявии аҳолӣ” баргузор намуд.

03.04.2017 Такмили маърифати молиявии аҳолӣ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 марти соли 2017 дар гимназияи №53-и шаҳри Душанбе семинари машваратӣ дар мавзӯи “Такмили маърифати молиявии аҳолӣ” баргузор намуд.

02.12.2016 Ба таваҷҷуҳи бахши молиявӣ

Афзалиятҳои стратегӣ ва нақшаи амал оид ба рушди механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарони хизматрасониҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019.

03.08.2016 Механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Дуюми августи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ дар мавзӯи «Механизмҳои воқеӣ ва қадамҳои стратегӣ баҳри рушди институти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ...

10.06.2016 Чорабинӣ баҳри баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва пешбурди фаъолияти самаранок дар бахши низоми бонкии кишвар Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ рӯзҳои 9-10 июни соли равон, барои кормандони бахши ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он, дар мавзӯи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани маърифати молиявӣ семинари омӯзишӣ баргузор намуд.

11.04.2016 Ахбор аз ҷамъбасти ҳафтаи байналмилалии молиявӣ - Global Money Week

Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкии Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолии кишвар,...

15.03.2016 Ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон дар ҷумҳурӣ

Тайи ду рӯз аст, ки бо ташаббуси Бонки милли Тоҷикистон ва дар ҳамкории ташкилотҳои қарзии мамлакат дар қаламрави кишвар ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон идома дорад, ки дар ҷараёни он маърифати молиявии кӯдакон, ҷавонон ва муштариён баланд бардошта мешавад. 

21.12.2015 Мулоқот бо кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон, 19 декабри соли равон муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо зиёда аз 60 нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ дар бинои бонк мулоқот намуд. Дар ду ҳафтаи охир ин дуюмин вохӯрист, ки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор анҷом медиҳад. 


20.11.2015 Ташкилотҳои қарзӣ - дар хизмати мардум

Бо ибтикори Бонки марказии Ҷумҳурии Қазоқистон 12-13 ноябри соли равон дар ш. Остона ҷаласаи тадорукотии Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони бонкҳои марказӣ (миллии) Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Русия, Белорус, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Бонки миллии Тоҷикистонро дар ин машварат сардори Шуъбаи навтаъсиси бонк оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои хизматрасониҳои низоми бонкӣ Рукмина Сафарова намояндагӣ намуд.

20.11.2015 Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ташкил шуд

Бо ибтикори Бонки марказии Ҷумҳурии Қазоқистон 12-13 ноябри соли равон дар ш. Остона ҷаласаи тадорукотии Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баргузор гардид.

30.10.2015 Шуъба - ҳимоятгари ҳуқуқҳои муштариёни хизматрасониҳои низоми бонкӣ

Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар радифи проблемаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна, аз ҷумлаи масъалаҳои авалиндараҷаи ҳалталаби имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. 

Дастурамали №241 "Дар бораи тартиби ба истеъмолкунандагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои бонкӣ"

Бо қарори Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон аз санаи 25 июни соли 2020 №79 Дастурамали № 241 "Дар бораи тартиби ба истеъмолкунандагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои бонкӣ" тасдиқ шуда, 14-уми июли соли 2020, таҳти №1026 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашт.


Новости 1 - 34 из 34
Начало | Пред. | 1 | След. | Конец По стр.